ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Варзишкори номии тоҷики муқими Русия Сомон Маҳмадбеков ба Тоҷикистон рафтааст.
Ба гузориши вебгоҳи "Ҷавонони Тоҷикистон", Сомон Маҳмадбеков пас аз ширкат дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Хорватия, ки 18-21-уми октябр баргузор шуд, ба Тоҷикистон рафтааст. Дар кишвар варзишкорро бо гулдаставу парчами Тоҷикистон пешвоз гирифтанд ва ба ӯ тоқиву ҷомаи тоҷикӣ пӯшониданд.
Сипас, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш бо Сомон ва хонаводааш суҳбат карда, ифтихорномаи Кумитаи умури ҷавонону варзиш ва ҷоизаи нақдии Кумитаи миллии олимпии кишварро ба вай тақдим намуд.
Сомон Маҳмадбеков феълан дар шаҳри Иркутски Русия ба раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Сомон дар суҳбат таъкид карда, ки қаҳрамонии имсоли ҷаҳон миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид ва беҳтаринҳои ҷаҳонро ба майдон оварда буд.
"Барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаон ҳамаҷониба омода шуда будем. Мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор гардид ва барои ба даст овардани медолҳо беҳтаринҳо вориди сабқат гардиданд. Ман хурсандам, ки дар чунин мусобиқаи бонуфӯз Парчами Ватани азизамонро дар зинаи сеюм бардоштам. Ҳарчанд бароям осон набуд, вале баъди талошҳои зиёд худро дар қатори сегонаи ҷаҳон ҷо намудам", — гуфтааст Сомон Маҳмадбеков.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Африқо миёни наврасон, ки моҳи апрели соли равон дар Тунис баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Инчунин, ӯ дар Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон, ки моҳи август дар шаҳри Аради Руминия барпо гардид, медали тилло ба даст оварда буд.