Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми ҷаҳон барои Тоҷикистон

Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков- шаҳрванди Русия аст, аммо дар сабқатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Варзишкори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки муқими Русия аст, дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон яке аз ғолибон гашт. Дар ин бора мураббии ӯ, Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

Маҳмадбеков дар вазни 66 қувваозмоӣ карда, ду ҳарифашро аз Ҳиндустон ва Озарбойҷон мағлуб кард ва аз ҳарифи дигараш аз Баразилми мағлуб шуд. Ҳамин тавр ҷудокори тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков- шаҳрванди Русия аст, аммо  дар сабқатҳо доим Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Ӯ охирҳои моҳи август дар зӯрозмоиҳои Ҷоми ҷудои Урупо миёни ҷудокорони ҷавон, ки дар Руминия баргузор шуд, дар вазни 66 килу мақоми аввалро ба даст оварда буд.

Сомон дастпарвари мактаби ҷудои русӣ буда, дар шаҳри Иркутск зиндагӣ мекунад ва дар мусобиқаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯро мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин медиҳанд. Сомон моҳи апрели соли равон дар Ҷоми ҷудои Африқо миёни ҷавонон низ пирӯз шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0