Роҳи мошингарди "Душанбе-Қӯрғонтеппа" таҷдид мешавад

© SputnikРемонт дороги, архивное фото
Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худи раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба оғози корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи "Душанбе-Қӯрғонтеппа" оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи оиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди "Душанбе — Қӯрғонтеппа" шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузошт.

Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи "III"-юм ба категорияи "1-Б" гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии "КОКС"-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Автострада" ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва купрукҳо "Синдзян Бейсин" мебошад.

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 — ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.

Поезд ОАО РЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони роҳҳои оҳани кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе дидор мекунанд

Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Шоҳроҳи "Душанбе-Қӯрғонтеппа" пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду азнавсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0