ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар ин нишаст роҳҳои густариши таробарии мусофиру коло бо роҳҳои оҳанро баррасӣ хоҳанд кард, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷиТА" ба нақл аз ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон".
Дар ин нишаст масъулин, намоядагон ва коршиносони умури таробарии қатории кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя масоили сохтусозу роҳандозии масири оҳанроҳи навро баррасӣ мекунад. Тарҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон ва Чин — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон аз он ҷумла ҳастанд.
Ин тарҳҳо чанд сол боз дар дасти сохтусозанд, вале ҳануз ҳам масири ниҳоӣ ва манобеъи таъмини молии ин тарҳҳо дақиқан ҳамоҳанг нашудаанд.