Ҳасан Руҳонӣ: Эрон бо МАГАТЭ дар чорчӯби мушаххас ҳамкорӣ хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон ҳамкории худро бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) идома хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ҳасан Руҳонӣ дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп онро "фаҳҳошӣ ва муште аз иттиҳомоти бепоя бар миллати бузурги Эрон" донист.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: БАРҶОМ ягона гузинаи Эрон набуда ва нахоҳад буд

Кохи Сафед 13 октябр гузориши "роҳбурди ҷомеъву ҷадиди раисҷумҳури Амрико дар бораи Эрон ва Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)"-ро мунташир кард ва соате пас Доналд Трамп бо муттаҳам кардани Эрон ба нақзи руҳи ин Барнома гуфт: "БАРҶОМ бадтарин тавофуқи торихи Амрико аст ва ҳар замон лозим бидонад ба ин тавофуқ поён хоҳад дод".

Ҳасани Руҳонӣ имрӯз дар як суханронии зиндаи телевизиюнӣ дар посух ба суханҳои Доналд Трамп гуфт, "миллати Эрон миллате нест, ки бо ҳарфҳои нораво ва суханони танаффурангез бихоҳад дар баробари як диктатор сар фуруд биоварад ва миллати бузурги Эрон то кунун дар баробари ҳеҷ қудрате сари таслим фуруд наёварда ва нахоҳад овард".

Ҳасани Руҳонӣ афзуд, "суханони Трамп нишон дод, ки БАРҶОМ мустаҳкамтар аз он чизе аст, ки вай дар даврони рақобати интихоботӣ фикр мекард ва Амрико имрӯз танҳотар аз ҳамеша дар баробари БАРҶОМ ва тавтеаҳояш алайҳи миллати Эрон аст".

Лавров рассказал, о чем удалось договориться на переговорах с Керри по Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров: умедворам Эрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад

"Бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамкорӣ кардем ва бо он дар чорчӯби мушаххас ҳамкорӣ хоҳем кард, аммо агар рӯзе манофеъи мо таъмин нашавад ва тарафҳои мо бихоҳанд тааҳҳудоти худро зери по бигузоранд, бидонанд, ки Эрон лаҳзае диранг накарда ва ба онҳо посух хоҳад дод", — таъкид кард раисҷумҳури Эрон.

Лентаи хабарҳо
0