Руҳонӣ: БАРҶОМ ягона гузинаи Эрон набуда ва нахоҳад буд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак (БАРҶОМ) ягона гузинаи кишвар набуда ва нахоҳад буд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ имрӯз дар посух ба таҳдидҳои Амрико гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои наве бар Эрон бибандад, Теҳрон "дар муддатзамони кӯтоҳ — дар миқёси соату рӯз — ба шароите бисёр пешрафтатар аз замони шуруъи музокирот боз хоҳад гашт".

Вай ҳамчунон аз тавофуқи ҳастаӣ бо Ғарб дифоъ карду гуфт: БАРҶОМ улгуи тафаввуқи сулҳу диплумосӣ бар ҷангу якҷонибагароист ва ин тарҷеҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, вале танҳо гузинаи кишвар набуда ва нахоҳад буд.

Президент РФ В. Путин встретился с президентом Ирана Х. Рухани - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Эрон талошҳояшонро барои ҳалли буҳрони Сурия беш аз пеш ҳамоҳанг мекунанд

Руҳонӣ гуфт, БАРҶОМ на таҳдиде ба кишварҳо ва на таслим дар баробари қудратҳост ва афзуд, ки таъомули густарда бо ҷаҳон ва ҳифзи иззату каромати эрониён аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ӯст.

Вай ёдоварӣ кард, ки бо дастёбӣ ба БАРҶОМ таҳримҳои байналмилалӣ бар Эрон барканор шуд ва ин барномаро "тавофуқе бурд — бурд" номид, ки масири ҳамкорӣ ва эътимодсозии Эрону ҷаҳонро ҳамвор кардааст.

Руҳонӣ аз мавзеъгирии давлати кунунии Амрико интиқод карду гуфт: "Касоне, ки моҳҳо аз пора кардани БАРҶОМ сухан мегуфтанд, ахиран ба тавсияи бархе аз мушовирони худ, ки чунин иқдомотеро боиси инзивои Амрико дар саҳнаи ҷаҳонӣ медонанд, Эронро ба нақзи руҳи БАРҶОМ муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки ҳафт гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ иҷрои комили БАРҶОМ аз сӯи Эронро таъйид кардааст".

Раиси Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон ба тавофуқҳои худ пойбанд аст.   

Лентаи хабарҳо
0