https://sputnik.tj/20170817/1023092221.html
Сергей Лавров: умедворам Эрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад
Сергей Лавров: умедворам Эрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад
Sputnik Тоҷикистон
Русия умедвор аст, ки Эрон аз Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак (БАРҶОМ) хориҷ нашавад ва Амрико низ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби ин санад пойбанд бимонад 17.08.2017, Sputnik Тоҷикистон
2017-08-17T14:00+0500
2017-08-17T14:00+0500
2021-07-29T13:38+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102063/67/1020636725_0:0:1272:719_1920x0_80_0_0_4d09b5467c6d8d5b3ac8b4d9d0143b68.jpg
русия-эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2017
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Лавров рассказал, о чем удалось договориться на переговорах с Керри по Сирии
Sputnik Тоҷикистон
Глава МИД РФ Сергей Лавров после переговоров с госсекретарем США Джоном Керри рассказал, что военные и представители спецслужб стран создадут совместный исполнительный центр, который будет заниматься разграничением и отделением террористов и оппозиции в Сирии.
2017-08-17T14:00+0500
true
PT0M58S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102063/67/1020636725_51:0:1196:719_1920x0_80_0_0_ffba4f76dcf3463014fc95294d4c41c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, сиёсат , русия-эрон, сергей лавров, ҳасан руҳонӣ, вазорати умури хориҷаи русия
осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, сиёсат , русия-эрон, сергей лавров, ҳасан руҳонӣ, вазорати умури хориҷаи русия
Сергей Лавров: умедворам Эрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад
14:00 17.08.2017 (Навсозишуда: 13:38 29.07.2021) Русия умедвор аст, ки Эрон аз Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак (БАРҶОМ) хориҷ нашавад ва Амрико низ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби ин санад пойбанд бимонад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ишора ба суханони раисҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ дар бораи имкони хуруҷи Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ дар сурати идомаи таҳримҳои Амрико, умедвор шуд Теҳрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад ва Амрико низ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби он пойбанд бимонад.
Ҳасан Руҳонӣ 14 август эълом карда буд, ки дар сурати ташдиду афзоиши таҳримҳо аз сӯи Амрико, Эрон метавонад аз тавофуқи ҳастаӣ дар зарфи чанд соат хориҷ гардад.
Вай дирӯз дар нишасти расонаии муштарак бо ҳамтои боливии худ дар Маскав таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро ғайримасъулона хонд ва аз барномаи мушакии Эрон дифоъ кард.
"Таҳримҳои зиддиэронии Амрико бо ҳадафи барҳам задани мувозинаи тавофуқи ҳастаӣ ба нафъи Вашингтон, иқдоме ғайримасъулона аст, ки метавонад ба ин мувозинаи бисёр санҷида осеб ворид кунад ва ҳатто онро барҳам бизанад", — таъкид кард Лавров.
Вай афзуд: "Афзоиши ҳазинаи Эрон барои барномаи мушакиаш, бар асоси қатъномаи Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳеч манъе надорад".
Маҷлиси шурои исломии Эрон тарҳи қонуни ҷудогардонии 520 милюн дулор барои барномаи мушакии Ҷумҳурии Исломиро дар посух ба таҳримҳои Амрико ба тасвиб расондааст.
Амрико иддиъо кардааст, озмоиши мушаки моҳворабари "Симурғ" нақзкунандаи руҳи БАРҶОМ аст, ҳарчанд мамнуъ нест.