Русия ниёзе ба пойгоҳи низомии дигар дар Осиёи Марказӣ надорад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкГригорий Карасин, архивное фото
Григорий Карасин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бишкек аз Маскав хоста, ки дар қаламрави Қирғизистон ва наздик ба марзи Тоҷикистон пойгоҳи низомии дигаре низ бунёд кунад, вале Маскав ниёзе ба он надорад, гуфт муовини вазири умури хориҷии Русия

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия имкони бунёди пойгоҳи дувуми низомии Русия дар қаламрави Қирғизистонро тавзеҳ дод.

На границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар марзи Тоҷикистон пойгоҳи дигари Русия пайдо мешавад

"Русия, бар хилофи бархе аз кишварҳое, ки ҳама мешиносемашон, ҳадаф надорад, ки ҷаҳонро аз пойгоҳҳои низомии худ пур кунад. Мо дунболи теъдоду каммият намегардем. Омили таъйинкунанда барои мо амалгароёна будани бунёди пойгоҳҳо дар хориҷ аз кишвар аз дидгоҳи таъмини манофеъи амнияти Русия ва муттаҳидонаш аст", — гуфт Григорий Карасин дар посух ба пурсиши хабаргузории "РИА Новости", ки оё Русия бо Бишкек барои бунёди пойгоҳи дувум дар марз бо Тоҷикистон музокирот доранд ё на.

Григорий Карасин ёдоварӣ кард, ки тавони пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ (дар Қирғизистон ва Тоҷикистон) барои посух додан ба ҳаргуна таҳдиду чолиш дар ин минтақа басанда аст.

В.Путин встретился с А.Атамбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Путин: Пойгоҳи низомии Русия дар Канд амнияти Осиёи Марказиро таъмин мекунад

"Русия барномарезӣ карда, ки нерӯву тавони размии пойгоҳҳояшро афзоиш диҳад, зерсохторҳоро беҳинасозӣ кунад, омӯзишу ҳамонҳангиҳои размии сарбозону афсарон ва нерӯҳояш бо ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои корёрашро беҳбуд бахшад", — тавзеҳ дод вай.

Чанде пеш раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфта буд, ки Русия метавонад дувумин пойгоҳи низомии худро дар қаламрави ин кишвар ва наздик ба марзи Тоҷикистон бунёд кунад. Нахуствазири қирғиз Сафар Исҳоқов низ гуфта буд, ки Маскав ва Бишкек барои бунёди ин пойгоҳ музокира кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0