ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Раҳбари Русия ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фаннии Маскав ва Бишкек бахше муҳим аз ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар ҳастанд.
"Ду кишвар имрӯз ин воқеъиятро боз ҳам таъйид карданд, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон яке аз омилҳои муҳими таъмини суботу амният дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Вуҷуди он бо манофеъи дарозмуддати ҳар ду кишвар ва ҳамчунин дигар кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ҳамхонӣ дорад", — гуфт Владимир Путин дар поёни музокирот бо раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев.
Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Канд ягоне аз нерӯҳои Минтақаи низомии марказии Русия ва бахше аз Нерӯҳои муштараки зудвокуниши Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ аст ва таъмини амнияти қаламраву ҳарими ҳавоии кишварҳои узви ин созмонро бар уҳда дорад.
Бар асоси тавофуқоти миёни давлатҳои ду кишвар пойгоҳи Русия дар Қирғизистон аз чаҳор созаи низомӣ ташкил шуда, ки яке аз онҳо пойгоҳи ҳавоии Нерӯҳои муштараки зудвокуниши СПАД дар шаҳри Канд аст. Дигар созаҳо — пойгоҳи озмоишии нерӯҳои дарёӣ дар шаҳри бандарии Қарокӯл, бунгоҳи иртибототӣ дар рустои Чалдовар ва бунгоҳи худкори ларзанигорӣ дар шаҳри Майлусу ҳастанд.
Соли 2009 муддати замони ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави Қирғизистон барои 49 соли дигар тамдид шуд ки пас аз он низ худ ба худ барои давраҳои 25-сола тамдид хоҳад шуд.