ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Маскав ва Бишкек барои таъсиси пойгоҳи дигари низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон гуфтушунид дорад.
Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар дод.
Пештар раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки Русия метавонад пойгоҳи дуюми худро дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҷойгир кунад.
"Дар ин росто дар сатҳи вазоратҳо барои баррасии ин мавзӯъ гуфтушунидҳо баргузор шуд. Ҷониби Қирғизстон бар ин аст, ки барои тамъини амнияти на фақат Қирғизистон, балки дигар кишварҳои ҳамсоя бояд дар ҷануби Осиёи Марказӣ пойгоҳи дигаре низ ҷойгир карда шавад. Вале то ҳол ҳеҷ кишваре тасмими ниҳоиро нагирифтааст", — гуфт сарвазири Қирғизистон дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости.
Исҳоқов ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми дидор бо сарвазири Русия Дмитрий Медведев ин масъала баррасӣ нашуд.
Пойгоҳи Канд дар Қирғизистон созмони низомиест, ки амнияти ҳавоии кишварҳои узви СПАД-ро таъмин мекунад. Ин пойгоҳ соли 2003 дар Қирғизистон ҷойгир карда шуд. Вазифаҳои аслии он таъмини амнияти ҳавоӣ ҳангоми амалиёти заминии низомиён мебошад. Халабонони ин пойгоҳ барои иҷрои ҳамагуна вазифаҳои мушкил аз ҷумла парвоз дар шароити кӯҳӣ омода ҳастанд.