Кумак кардан душвор нест: чӣ гуна Парвиз тариқи YouTube ба ниёзмандон ёрӣ мерасонад

Обуна шудан
Мусоҳиба дар бораи он, ки чӣ гуна метавон YouTube-ро ба хазинаи хайриявӣ табдил доду чаро мардуми наонқадар доро омодаанд ба ниёзмандоне, ки ҳазорон фарсах дур зиндагӣ мекунанд кумак намоянд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik, Рубен Гарсия. Парвиз Иброҳимови 23-сола дар шабакаи худ дар YouTube дар бораи арзишҳои инсонӣ ва рафтору кирдори хуб  нақл мекунад. Муҳимтарин нуқтаи суҳбатҳояш кумак кардан ба наздикон ва ниёзмандон аст. 

Блогнависи ҷавон ба аъзоёни худ дар YouTube муроҷиат мекунаду аз онҳо барои ёрӣ ба мустамандони ватанию хориҷӣ кумак мехоҳад. 

Чанде пеш ин ҷавон барои кумак ба қавми мусулмони роҳинҷо ба Бангладеш сафар кард.

Sputnik Тоҷикистон бо Парвиз Иброҳимов дар бораи чӣ гуна табдил ёфтани наворҳои хурд дар Ютуб ба хазинаи кӯмаки башардӯстона ва муҳоҷире, ки худ дар кишвари бегона аст, то чӣ андоза метавонад ба дигарон кӯмак кунад, суҳбат кард.

Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шоҳдавлат: бо дӯстони накӯкорам ифтихор дорам

-Барои чӣ шумо ба Бангладеш рафтед?

— Вақте ман наворҳои озордиҳии ин қавмро тариқи интернет тамошо кардам, ростӣ ба ман чунин менамуд, ки агар ман ба он ҷо нараваму ба онҳо кумак накунам, худро дигар инсон шумурда наметавонам. Гап сари ин нест, ки онҳо мусулмонан ё на, дар навбати аввал онҳо инсонанд. Ва онҳо ҳам ҳуқуқ ба зиндагӣ доранд ва айни замон онҳо ба кӯмаки ҳар яки мо ниёз доранд.

-Вале дар танҳоӣ албатта, ки шумо наметавонистед маблағи заруриро ҷамъ кунед?

— Албатта, не! Ман ҳамроҳи ҳамшаҳриҳоям ҷамъ шудему қарор додем, ҳар кас ба қадри тавонаш маблағе бидиҳад то ба озурдадилон кумаке расонем. Пасон аъзоёни Ютуб ба мо ҳамроҳ шуданду пул мефиристониданд. Нафаре 100 рубл, нафаре 50 ва дигаре ҳам 1000 рубл. Ҳама ба қадри тавони худ ва аксаран ҳамшаҳриҳои мо буданд.

-Ва чӣ гуна шумо ба қабилаи роҳинҷа кумак кардед, ёриатон аз чӣ иборат буд?

— Мо нахуст ба пойтахти Багладеш Дакка сафар кардему аз сокинони он ҷо дар суроғи қабилаи роҳинҷа шудем. Ба ман ному роҳи шаҳрро гуфтанду маслиҳат доданд, ки он ҷо равам. Ҳамчунин суроғаи нафареро ба мо доданд, ки метавонист кумак кунад. Вале мо нахуст хостем ба чашмони худ бубинем, ки оё дар ҳақиқат қабилаи роҳинҷа зиндагии қин дорад ва оё дар ҳақиқат ҳам кӯдакони зиёде бе параду модар мондаанд.

-Аз навори охирини шумо дар Ютуб дида мешавад, ки шумо барои сохтани қароргоҳҳои муваққатӣ ба қабилаи роҳинҷо кумак кардаед. Кумакатон на фақат хонасозӣ буд?

Таджикский мигрант Парвиз Ибрагимов - помогает сиротам рухинджы - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки муҳоҷири тоҷик ба 1000 кӯдаки ятими руҳинҷо

— Бале. Вақте мо ба ҷои ҳодиа расидем бачаҳоро вохӯрдему гуфтем, ки каме пул дорем ва мехоҳем онро барои беҳдошти зиндагии қабилаи роҳинҷа бидиҳем. Баарои садақа. Мо аз амволи ғизоӣ-биринҷ ва дигар намуди донагӣ, шакар, намак ва собун, хамираи дандоншӯӣ ва дигар чизҳоро барои 1700 кас харидем. Боз ба 500 хонаводаи дигар фақат пул додем. Барои 38 хонаводаи дигар бошад манзил сохтем.

-Сафари шумо ба Бангладеш, наздикии марзи Миёнмор-нахустин аксияи хайриявиатон аст?

— Ман видеоблогер ҳастам. Агар пештар хайр ҳам карда бошам ҳамааш аз ҳисоби худам буд. Ва боз ман дӯстон ва ҳамкороне дорам, ки ҳар моҳ ба қадри 1000 рубл, 500 шояд нафаре бештар пул ҷамъ мекунем. Ва мо барои як хонавода бо хариди маводи ғизоӣ барои як моҳ кӯмак мекунем. Ва ҳамин тавр шуд, ки ман замоне ҳамин гуна кумакро дар интернет нашр кардам, то дигарон ҳам бубинанд, ки кумак кардан хеле осон аст.

© Аккаунт Парвиза Ибрагимова в vk.comБлаготворительный фонд таджика
Благотворительный фонд таджика - Sputnik Тоҷикистон
Благотворительный фонд таджика

-Яъне шабакаи шумо дар Ютуб аз корҳои хайриявӣ шурӯъ шуд? 

— Нахуст наворҳои умумии маслиҳатӣ буданд: чӣ гуна бояд дар кишвари бегона рафтор кард, чӣ тавр бо калонсолон рафтор намуд. Моҳи августи соли 2016 ман дар Одноклассники навореро дидам, ки як шаҳрванди Тоҷикистон тариқи он кумак мепурсид. Дар он замон дар шабакаи ман аллакай аъзоён ҷамъ шуда буданд ва ман бо онҳо дар мавзӯъи кумак кардан суҳбатҳо мекардам. Ва ман ба онҳо муроҷиат кардам, ки биёед ниёзмандонро дастгирӣ мекунем. Ва он ҷо рақамҳои телефони он мардро гузошатаму навиштам, ки занг занеду кумак кунед.

-Ва мардум пазируфтанд?

— Ба ман пешниҳодҳо мешуд, ки мо ба ту боварӣ дорем ин корро идома деҳ. Мо ҳар моҳ 200-300 рублӣ медиҳем ва ту ба ниёзмандон кумак кун.

-Шумо нафари ниёзмандро худ интихоб мекунед, ё ба касоне кумак мекунед, ки худ ёрӣ мехоҳанд?

— Мутассифона мо наметавонем ба ҳамаи онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, кумак кунем. Худам ҳам дар Маскав муҳоҷир ҳастам. Пештар дар писсахона кор мекардам. Ҳоло таксирон ҳастам. Дар Тоҷикистон волидонам ҳастанд, ки бояд ба онҳо ҳам кумак кунам. Хазинаи мо онқадар бой нест ва тавони ба ҳама кумак карданро надорем.

-Пас чӣ гуна шумо метавонед ба мардум кумак кунед, гап сари аъзоёни шабакаатон ҳаст?

— Ҳамагӣ, аъзоёни гурӯҳ, ман ва рафиқонам якҷоя кумак мекунем. Масалан ба рафиқам Илҳом занг зада мепурсам, ту муздатро гирифтӣ биё ба як хонаводаи ниёзманд кумак кунем. Ба ҳамин муқом кор мекунем, як рӯз ба як хонавода кумак мекунему дигар рӯз ба дуюмӣ. Мақсади наворҳоям ва блогнависиам ҳам ҳамин буд, ба мардум нишон додан кӣ кумак кардан мушкил нест.

Лентаи хабарҳо
0