Бориши барф дар Тоҷикистон: имсол зимистон аз ВМКБ оғоз нашуд

© SputnikЖители идут по снежной каше, снег убирают плохо
Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмулан дар Тоҷикистон барфи аввал дар ВМКБ меборад, вале имсол чунин нашуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар бархе аз шаҳру новоҳии шимоли Тоҷикистон шаби гузашта барф борид.

Ба гузориши сокинони маҳаллӣ, қабати барф дар Истаравшану Мастчоҳ то ба 3 сантиметр расидааст. Маъмулан дар Тоҷикистон барфрезӣ аз ВМКБ оғоз мешавад, вале имсол аз шимоли кишвар оғоз шуд.

Солҳои гузашта низ барфрезии барвақтӣ мушоҳида мешуд, аммо барф дар моҳҳои ноябр борида буд.

Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон якбора тағйир меёбад

Созмони обуҳавошиносии кишвар хабар дода буд, ки рӯзҳои 29-30 сентябр бориши борону барф пешбинӣ шудааст.

давоми ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ мешавад.

"Дар вилояти Суғд — дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад".  

Ба маълумоти обуҳавошиносон, сардии ҳаво дар баъзе навоҳӣ имкон дорад ба сифр баробар шавад.

Дар ин росто КҲФ аз сангрезиш дар манотиқи кӯҳӣ ҳушдор додааст.

Прохожие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз КҲФ: ду рӯзи охир дар Тоҷикистон сангрезиш, тундбод, борону барф мешавад

Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар анҷоми корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд ва аз ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ худдорӣ кунанд.

"Дар ҳолатҳои вазиши шадиди бод Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд".

Муҳимтар аз ҳама назорати кӯдакон аст ва набояд дар чунин обу ҳаво онҳо бидуни назорати калонсолон бошанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ масофаи муайяншударо қатъан риоя кунанд, суръати ҳаркатро боло набаранд.

Лентаи хабарҳо
0