ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки барои ду рӯзи охир дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи номусоид дар назар гирифта шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳаошиносон пешбинӣ мекунанд, ки аз 29-ум то 30-уми сентябр дар соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Манбаъ меафзояд, бино бар иттилои ҳавосанҷон тайи ин рӯзҳо шамол дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад, дар водиҳо борон меборад ва ба барфи тар табдил меёбад.
Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар анҷоми корҳои саҳро хело эҳтиёткор бошанд ва аз ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ худдорӣ кунанд.
Дар ҳолатҳои вазиши шадиди бод Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд",- омадааст дар гузориши манбаъ.
"Муҳимтар аз ҳама назорати кӯдакон аст ва набояд дар чунин обу ҳаво онҳо бидуни назорати калонсолон бошанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ масофаи муайяншударо қатъан риоя кунанд, суръати ҳаркатро боло набаранд.
Эҳтимоли сангрезиш вуҷуд дорад.