ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши Созмони обуҳавошиносӣ дар бархе аз манотиқиТоҷикистон ҳаво якбора тағйир меёбад.
Рӯзҳои 29 ва 30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ тағйирёбии босуръати обуҳаво дар назар буда, имрӯз дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии кишвар бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол, фаромадани чангу ғубор пешбинӣ шудааст.
Ба иттилоъи ин ниҳод, давоми ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ мешавад.
"Дар вилояти Суғд — дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад".
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти шимолу ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония дар назар буда, дар қаламрави ВМКБ боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.
Ба маълумоти обуҳавошиносон, сардии ҳаво дар баъзе навоҳӣ имкон дорад ба сифр баробар шавад.