ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Маркази Исломии назди президенти Тоҷикистон бо мунташир кардани як мақола маънии "садақа" ва "худои"-ро шарҳ додааст:
Калимаи "садақа" аз решаи сидқ ва садоқат гирифта шуда, ба маънои ростӣ, ростгўӣ, устуворию мустаҳкамӣ ва дӯстӣ омадааст. Сидқ иборат аст аз мутобиқати сухани инсон бо он чи дар ботини ӯст ва бо воқеияте, ки аз он хабар додааст. Яъне садақа тасдиқкунанда ва нишонаи мавҷуд будани воқеиятҳои имонии инсон мебошад. Ҳамчуноне ки дар ҳадиси паймбар (с) омадааст: "Садақа бурҳон аст". Яъне риояи садақа ва закот далели тасдиқкунандаи воқеияти имон ва нишонаи бандаи шоиста будани шахс мебошад. Дар истилоҳи шаръӣ калимаи садақа ба маънои закот низ омадааст, ки маънои истилоҳии закотро ифода мекунад.
Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷўӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: "Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст" (Тавба, 9:60).
Аз мазмуни ин ояти карима комилан равшан мешавад, ки додани садақаҳо барои 8 гурўҳи одамон — фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (шахсони нав исломоварда), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст.Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд.
Дар "Тафсири Табарӣ", ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: якум, фақир — шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад.Ў дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; дуюм, мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; сеюм, омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд.
Ин маънои онро надорад, ки ў маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағбаташ тасарруф намояд, балки танҳо аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад.
Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқилоби болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро масъулони андозро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; чаҳорум, касони дилҳояшон улфатёфта (шахсони нав исломоварда) касоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон "Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст" мегўянд.Аз рўйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ва ҳоло ҳам ба кишварҳои тоза исломоварда ва ҷойҳои зисти дастҷамъонаи мусулмонон дар кишварҳои мухталиф як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; панҷум, риқоб — бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; шашум, ғорим шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сўхтор ва селу боришот молу мулк ва дороияшонро аз даст додаанд; ҳафтум, дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб бояд барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомўзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ кору фаъолият мекунанд; инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некў, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бино, корвонсарой, қалъаҳо, бунёди масҷид ва хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан амали дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; ҳаштум, ибни сабил (роҳмонда) мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (масалан, донишҷўёни дур аз ҷойи зисти доимӣ, ходимони давлатии соҳаҳои гуногун, тоҷирону соҳибкорон) ниёз доранд.
Аммо калима ва истилоҳи "худоӣ" аслан шакли мухтасари "худоии раҳм" аст ва маънои он як навъ ғизое аст, ки ба хотири анҷом додани назр, ният ё ягон гуфтагии худ шахс ба бенавоёну ниёзмандон медиҳад.
Дар заминаи ҳамин истилоҳ ва таъбири манфиатҷуёнаи он дар марҳалаҳои гуногун аз ҷониби қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа оростани зиёфату маъракаҳо бо ширкату даъвати аъёну ашроф ва рўҳониён номи худоиро гирифт. Ва ин намуди маросим аз худоии раҳм, ки ҳадаф аз он садақаву хайрот барои ниёзмандон ва дар роҳи ризои Худо буд, фарсахҳо дур шуд.
Аммо дар шакли рақамии 3, 7, 9, 20, 40, 6-моҳагӣ ва солгард табақабандӣ шудани худоиҳо аслан дар зери таъсири ойинҳои тоисломӣ ва рафтори пайравони мазҳаби шиаи исноашарӣ шакл гирифтааст.
"Баргузории маросими 3, 7, 40 ва солгард ба манзури ҳифзи ёд ва хотири гузаштагон ва эҳтиром ба онҳо аст, мўҷиби таскини қулуби бозмондагон мегардад ва дар он аз омўзаҳои динӣ истифода мешавад, ки ба зиёрати қубур рафта ва ё ба фаъолиятҳое пардохта шавад, зеро онҳо ба унвони хайрот ва мубаррот (некўкорӣ) ва боқиёти солеҳот ёд мешаванд. Бар ин асос назди бузургон маросими 7, 40 ва солгард ба ҷиҳати хайроте, ки дар ин маросим барои рафтагон ба амал меояд, аз суннатҳои пазируфташуда буда ва ҳаст" (Комилу-з-зиёрот"-и Ибни Қавлавияи Қумӣ. — Наҷаф, Дору-л-муртазавия, соли 1356 ҳ.қ., саҳ. 222). Суннати баргузории арбаъин — 40 ва гирифтани маросими 40 дар миёни пешвоёни дин барои солори шаҳидон — имом Ҳусайн марсум ва мавриди тавсия ва таъкиди имо-мон ва бузургони дин аст. Аз имом Ҳасани Аскарӣ ривоят аст, ки фармуд:
"Нишонаҳои мўъмин 5 чиз аст: 51 ракъат намоз, баргузории арбаъин (40), ангуштарӣ дар дасти рост кардан, пешонӣ ба хок молидан ва бо садои баланд "Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим" гуфтан. Ба ҳамин далел пайравони аҳли байт ва шииён дар тамоми маросиме, ки барои амвоти (мурдагони) худ мегиранд, саъй мекунанд эҳёгари роҳу русуми имом Ҳусайн (р) бошанд. Ба ҳамин далел маросими 40 барои амвот дар байни шииён марсум аст ва дар байни аҳли суннат ва дигар фирақ (фирқаҳо) марсум нест" ("Дурару-л-ахбор" бо тарҷумаи Саййидмаҳдӣ ва Саййид Алиризо Ҳиҷозӣ, саҳ. 693).
Дар пояи ин далелҳо, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки хусусияти маърака касб намудани истилоҳи худоии раҳм дар рўзҳои муайян аз тариқи таъсиргузории анъанаҳои тоисломии мардум, фарҳангҳои ғайримуслмонӣ ва гурўҳҳои шиатабор дар қаламрави Аморати Бухоро ҷойгузин гардида, сипас дар байни мардум оҳиста-оҳиста ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои тоинқилобӣ дар рўзҳои маъракаҳои азодорӣ бо даъвати соҳибони маййит табақаи маддоҳони шиатабор дар шаҳру деҳоти Аморати Бухоро бар ивази дастмузд сўгворӣ ва марсияхонӣ мекарданд.
Аз ин ҷиҳат, дар маросими азодорӣ "баъди се рўз то ба як сол фотеҳагирӣ мисли панҷ, шаби ҳафт, шаби нўҳ, рўзи чил, шабҳои ҷумъа ва сол, ба истиснои хайрот ва рўзҳои ид шаръан макрўҳ ва бидъат" шуморидан ва дар айни замон "ворисони марҳум метавонанд ба хотири гузаштагонашон ба ятимону бепарасторон, камбизоатон, беморон, муҳтоҷон ва мусофирон хайру садақа намояд ва ё маблағи садақаро барои корҳои ободонӣ, чоҳ кандан, об овардан, таъмиру тармими мактаб, ёрӣ ба хонаи пиронсолон, ятимхонаву интернатҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар амалҳои нек сарф намоянд" гуфтан ҳадафи ба асли муқаррароти динию мазҳабӣ мутобиқ карданро пайгирӣ менамояд.