Кафанпечонӣ, гӯронидан ва ҷаноза: Кумитаи дин тартиби маросими азодориро муайян кард

© Sputnik / Олег Макаров / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония, архивное фото
Траурная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, дастуреро мунташир карда, тартиби маросми азодорӣ ва таъзияро дар кишвар муаяйн кардаст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ гузориш медиҳад, ниҳод дар ҳамкори бо Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дастуреро роҷеъ ба маросими азодорӣ ва таъзия омода намуда, ба мардуми кишвар пешниҳод кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дастур дар бораи маросими азодорӣ, омода кардани маййит барои маросими видоъ, шустан ва такфини мурда, омода кардани тобут ва маросими ҷаноза маълумот дода шудааст.

Гуфта мешавад, дар маросими азодорӣ, дар вақти видоъ бо маййит гиря кардан ва ашк рехтан иҷозат дода мешавад, аммо навҳа кашидан ва муйканиву рӯйканӣ мамнуъ аст.

"Шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад",- гуфта мешавад банди 3.7-и манбаъ.

Илова бар ин дар дастур тарзи пӯшидани либос дар маросими азодорӣ, додани ҳаққи мурдашӯй ва гуркан, намози ҷаноза, дуои сари қабр дастур дода мешавад.

"Тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусулмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад",- гуфта мешавад дар анҷоми матни дастур.

Матни пурраи ин тартиботро метавон аз вебгоҳи Кумитаи дин дастрас кард.

Лентаи хабарҳо
0