ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Духтари президенти ҶТ Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи назди президенти кишвар ба хизматчиёни давлатӣ дастур дод, то садақаи фитрро бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба ниёзмандон диҳанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии "ТоҷикТА".
"Кормандони воломақоми давлатӣ ба додани садақаи фитр ба оилаҳои камбизоат, бенавоён ва пиронсолон дар робита ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон вазифадор карда шуданд",-менависад оҷонсӣ.
Назорати иҷрои дастури мазкур ба дӯши Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ вогузор гардида, мансабдорону имомхатибон ва намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ уҳдадор шудаанд, ки аз рафти иҷрои дастури мазкур ба Дастгоҳи иҷроияи президент маълумот диҳанд.
Садақаи фитр навъи хайре дар дини мубини Ислом мебошад, ки ҳамгоми ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби мусулмонон дода мешавад. Садақа на фақат маблағи пулӣ буда метавонад. Ба сифати садақа амали хуб нисбати шахсе ё ёрӣ расонидан ба шахси наздик, ҳамсоя, ки аз ҷониби мусулмон ба номи Худо анҷом дода мешавад буда метавонад.
Моҳи шарифи Рамазон, ки аз рӯйи тақвими исломӣ ҳамасола тахминан 11 рӯз пештар фаро мерасад, имсол аз 6-уми июн оғоз шуда, то 5-июл идома мекунад. Дар моҳи Рамазон мусулмонон аз хӯрдану ошомидан ва корҳои ношоиста дар давоми рӯз худдорӣ мекунанд.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони фаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.