ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо рафти корҳои сохтмони сарбанди НБО Роғун шинос шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Аз ҷумла, Азим Иброҳим бо рафти кор дар моторхона ва утоқи трансформатор шинос шуд.
"Дар раванди сохтусози НБО Роғун касе ҳаққи иштибоҳ карданро надорад, зеро ин сохтмон бояд садсолаҳо барои мардуми Тоҷикистон хидмат кунад", — гуфтааст вай.
Муовини аввали нахуствазир рафти кор, сатҳ ва суръати онро мусбат арзёбӣ карда, қайд кардааст корҳои ба нақша гирифташуда, бояд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонд. Муҳимтар аз ҳама бояд ба тақвияти сарбанди нерӯгоҳ аҳамият дод, афзудааст муовини нахуствазир.
Намояндагони супоришдиҳанда ва паймонкори нерӯгоҳ гуфтанд, ки корҳои тобоварсозии сарбанд зери назорати муҳандисон қарор дошта, санҷиши дараҷаи эътимоднокии корҳои анҷомдодашуда ва мувофиқ будани он бо ба талаботҳо доим ба роҳ монда мешавад.