ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов гуфт, ки Тошканд мавзеъгирияш дар масъалаи сохтусози нерӯгоҳи барқобии Роғунро тағйир надодааст.
Ба гузориши Sputnik Узбакистон, Абдулазиз Комилов ин нуктаро имрӯз дар гуфтугӯи зинда бо шаҳрвандони Узбакистон баён кардааст.
"Сукути мо ин маъниро надорад ки мавзеъгириямон дар ин масъала тағйир кардааст", — гуфтааст Комилов дар посух ба ин пурсиш, ки "чаро ҳукумати Узбакистон мавзеъгирияшро дар бораи сохтмони НБО Роғун баён намекунад ва оё ин сукут маънои тағйир ёфтани мавзеъгириии Тошканд аст?"
Абдулазиз Комилов таъкид кардааст, ки Узбакистон усулан мухолифи сохтусози нерӯгоҳи Роғун нест, аммо Тоҷикистон бояд манофеъи миллии Узбакистонро низ дар назар дошта бошад.
Вай муносибтарин роҳи ҳалли ихтилофоти кишварҳо бар сари обро амалӣ кардани муқаррароти Конвенсиюни тақсими манобеъи оби минтақа мешуморад, ки Бунгоҳи диплумосии Созмони милал дар Осиёи Марказӣ таҳия кардааст.