Русия ва Қазоқистон ҳамчунон муҳимтарин шарикҳои тиҷории Тоҷикистон ҳастанд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота контейнерного терминала Калининградского морского торгового порта
Работа контейнерного терминала Калининградского морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар моҳҳои январ то августи соли равон ба арзиши 1,7 милёрд дулор коло ворид карда ва ба арзиши 610 милюн дулор маҳсулот содир кардааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ба гузориши Ожонси омори ҶТ, мизони кулли воридоту содироти Тоҷикистон дар ҳашт моҳ ба 2 милёрду 362 милюн дулор расида, ки нисбат ба порсол 182 милюн дулор ё 7,2 дарсад камтар аст.

Коҳиши воридоти мол ба Тоҷикистон. Дар ҳаҷми 10,7%

Аз ин миқдор воридот 1,7 милёрд дулор арзиш дошта ва нисбат ба ҳашт моҳи порсол 204 милюн дулор бештар будааст, ки 3,6 дарсард афзоишро нишон медиҳад. Ҳамзамон содирот 21 милюн дулор афзоиш ёфтаву ба 610 милюн дулор расида, ки дар муқоиса бо ҳамин давра дар соли гузашта 3,6 дарсад бештар шудаааст.

Бино ба гузориши Ожонси омор, шарикҳои аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин муддат ҳам Русия ва Қазоқистон будаанд. Чунончи, ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Русия дар ин муддат 595 милюн дулор арзиш дошта, ки нисбат ба ҳашт моҳи порсол 9,7 дарсад коҳиш ёфтааст. Вале ҳаҷми гардиши коло бо Қазоқистон 30 дарсад афзоиш ёфта ва ба 525 милюн дулор расидааст.

Лентаи хабарҳо
0