ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё табодули молӣ анҷом додааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (298 млн. $), Русия (287 млн. $), Қазоқистон (192 млн. $) ва Туркия (105 млн. $) дониста шудаанд.
Тайи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ҳудуди 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар аст.
Ба иттилоъи расмӣ тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 656 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Ҳаҷми содироти мол давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 265 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 24,4 млн. доллари ИМА ё худ 8,4% камтар аст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти пахта нисбат ба соли гузашта қариб 25% коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 920 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 4 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ 110 млн. долллари ИМА камтар мебошад