ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik, Андрей Захватов. Мадина Назарамонова пас аз интишори аксҳои Ниссор Абдураззоқов дар моҳи феврали соли 2016 дар расонаҳо маъруф шуд. Пас аз якуним сол ин ҳунарпеша ва мудели тоҷик дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи зиндагӣ, фаъолият ва дастовардҳои худ суҳбат кард.
Дар бораи падару модар, таҳсилот ва забони русӣ
— Мадина, лутфан бигӯед, ки дар куҷо ва чи хонаводае ба дунё омадаед?
— Асли ман аз Помир — шаҳри Хоруғ аст. Падарбузурги падариям афсари ВКД буд. Ӯ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон — Ёвон, Кӯлоб, Душанбе кор кардааст.
Дар миёни фарзандонаш танҳо духтари бузургаш дар Помир ба дунё омада буд. Дар давоми сафари корӣ падари ман дар Душанбе ба дунё омад, дар шаҳре, ки ман ҳам таваллуд ёфтаам. Ман то кунун ҳаргиз ба Ватани бобоиям — Помир нарафтаам, вале бисёр мехоҳам боре ин минтақаро бибинам.
Падарам афсари хадамоти гумрук аст ва модарам донишёри кафедраи мудирият дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст.
Волидонам дар кӯдакӣ ба ман омӯзишу парвариши хуб доданд. То синфи 9 ман дар яке аз беҳтарин мактабҳои Душанбе — мактаби №9 таҳсил мекардам ва сипас литсеи рақами №1 барои хонандагони лаёқатмандро хатм кардам.
— Шумо забони русро хуб медонед…
— Дарсҳо дар мактаб ва литсей бо забони русӣ буданд ва аксари омӯзгоронамон аз донишгоҳҳои гуногун омада ба мо дарс медоданд. Масалан, омӯзгорамон Надия Ғайратова ба мо бисёр чизҳоро омӯзонидааст.
Дарс дар мактаб барои ман мушкилӣ надошт ва ман аз ҳама омӯзгоронам барои заҳматашон, аз ҷумла аз роҳбари синфамон Гуландом Амоновна, миннатдор ҳастам. Ӯ ба мо ҳуқуқ ва таърихро дарс медод.
— Кадом фаннҳоро дар мактаб бештар меписандидед?
— Таърих. Ман баррасии мавзуҳои гуногунро дар мактаб хеле дӯст медоштам. Ба фикрам ман бештар шахси гуманитарӣ ҳастам, сарфи назар аз он ки риёзиро ҳам хуб медонистаму баҳои панҷ мегирифтам. Дар даврони мактабӣ орзуи бостоншинос шуданро доштам. Вале сарнавиштам дигар сон рақам хӯрд.
— Чаро таҳсили олиро дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон интихоб кардед?
— Сарфи назар аз дӯстдории фаннҳои таърих, ҳунар, адабиёт, ман факултаи иқтисодӣ бахши "Молия ва қарз" дар Донишгоҳи славяниро хатм кардам. Дипломи ин факулта — кафолати фаъолияту кори арзандаро дар Тоҷикистон медиҳад.
Ман фикр мекунам, ки адабиёт ва ҳунар бидуни диплом ҳам пеш бурда мешавад ва инсон ҳамеша метавонад бо фаъолияти дӯстдошта машғул шавад.
Мудел, ҳамсар ва модар
— Дар сафҳаи фейсбукии Шумо аксҳои зебоеро аз ҷашни арӯсиятон тамошо кардам…
— Ман дар соли севуми донишҷӯиям шавҳар карда будам. Фазои хонаводаамон гарм аст. Мо бо якдигар муносибати бисёр хуб дорем ва ҳамдигарро дӯст медорем. Ҳамсари ман Меҳроҷ Холназаров — марди воқеъӣ ва падари меҳрубон аст. Мо Суруш ном писарчае дорем, ки ҳамакнун як солаву се моҳа асту "модар", "падар" ва "тарбуз" гуфтанро ёд гирифтааст. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунем дар ҳузури ӯ ҳар суханро бар забон наёрем (механдад).
— Бо ҳамсаратон чӣ гуна ошно шудед?
— Ман бо Меҳроҷ дар Faсebook ошно шудам. Маъмулан ман ба паёмҳои ношиносҳову бегонагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух намедиҳам, вале он замон назарамро дигар кардам. Ӯ аз ман пурсид, ки чӣ бояд нависад то маро писанд ояд. Ман гуфтам, худаш дар ин бора хаёлпардозӣ кунад.
Идомааш бисёр зуд гузашт. Мо пас аз се рӯзи гуфтугӯ дидор кардем ва дар ин мулоқот якдигарро хуш кардем. Вале он замон ман барои оғози равобит омода набудам. Меҳроҷ дар қарораш устувор буд ва кӯшиш мекард бо ҳар роҳ дили маро ба даст биёрад: масалан, як ҳафта ҳар рӯз бароям субҳона меоварду назди дарам мегузошт.
Пас аз чанде ӯ паи корҳояш ба Дубай рафт ва дар набудаш ман дарк кардам, ки бе вай наметавонам зиндагӣ кунам. Ӯ ҳам бар гашту маро хостгорӣ кард ва ман ҳам пазируфтам.
— Писаратон номи камёб дорад — Суруш. Ин номро кӣ барояш интихоб кардааст?
— Ин номро хусурам шодравон Имомназар Холиқназар интихоб карда буд. Ӯ рӯзноманигор ва нависанда буд. Мо дар ёддоштҳояш хондем, ки мехоста набераашро Суруш биномад. Мо низ ин номро писандидем.
— Кӯдакдорӣ ва хонадорӣ вақти бисёреро аз модару ҳамсар мегирад. Оё аз уҳдаи ин ҳама кор бар меоед ё касе ба Шумо кумак мекунад?
— Суруш ҳоло хурд аст ва ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз дорад. Ҳамсарам, падару модар кумак мекунанд ва ман ҳам одат кардаам. Модар буданро дӯст доштам.
— Пухту пазро дӯст медоред ва оё хӯроки вижае доред?
— Ошпазиро дӯст медорам, ҳар замон пухтани хӯрокҳои навро таҷриба мекунам. Хӯроки вижае надорам, вале шавҳарам то имрӯз ҳама хӯрокҳои пухтаамро хӯрдаву писандидааст. Ба гуфте, ҳануз зинда аст! (механдад).
— Мадина, лутфан бигӯед, ки чигуна бо Ниссор Абдуразоқов ошно шудед?
— Ошноиямон комилан иттифоқӣ буд. Ман он замон донишҷӯ будам. Куллан, иттифоқот дар зиндагии ман нақши муҳиме доранд. Вале нахустин пешниҳод барои мудел шуданро дар соли аввали донишҷӯиям аз Наргис Исломова дарёфт кардам. Нахустин бор нақши муделро дар намоише дар ҳутели "Ҳаят" иҷро кардам. Сипас пешниҳод гирифтам, ки дар ҷашнвораи "Роҳи абрешим" дар Чин мудел шавам, вале ман онро напазируфтам.
— Оё нахустин гомҳоятон дар нақши мудел ҳаяҷоновар буд?
— Дар нахустин намоиш камобеш 30 мудел ширкат мекард ва ман ҳаяҷонеро эҳсос накардам. То он замон ман дигар ба дурбинҳои аккосӣ ва филмбардорӣ одат карда будам.
— Пас аз нашри аксатон аз ҷониби Ниссор Абдураззоқов Шуморо яке аз зеботарин духтарони Тоҷикистон шинохтанд. Ин шуҳратро чӣ гуна дарёфтед?
— Ман шуҳратро оромона аз сар мегузаронам. Тоҷикистон духтарони зебо бисёр дорад.
— Нақшофарӣ дар филм чӣ гуна пешниҳод шуд?
— Ин иттифоқ ҳам ногаҳонӣ рух дод. Яке аз дӯстонам аксбардор аст. Ӯ занг заду маро ба киностудия барои ҳунарозмоӣ ба назди коргардон Носир Саидов даъват кард. Аз ин озмун гузаштаму нахустин филме, ки дар он нақш офаридам, драммаи равонӣ "Оинаи беҷилло" буд. Дар ин филм ман яке аз нақшҳои аслиро иҷро кардам. Ин филм соли 2013 дар ҷашнвораи байналмилалии Пусан (BIFF) ширкат кардаву яке аз беҳтаринҳо шинохта шуд.
Филми дуюм, ки ман дар он нақш офаридам, соли 2014 сохта шуд. Он филми кумедии Далер Раҳматов "Сафари ҳавоӣ" аст, ки соли 2016 дар ҷашнвораи филмҳои миллӣ дар Маскав намоиш дода шуд. Дар ин филм ман нақши омӯзгори забони олмонӣ ва дӯстдухтари қаҳрамони ин филмро офаридам. Наворбардории ин филм бисёр ҷолиб гузашт. "Сафари ҳавоӣ" дар деҳаи Зимчуруди Варзоб филмбардорӣ шуд.
— Оё берун аз Тоҷикистон ҳам рафтаеед?
— Бале рафтаам, ҳамроҳи ҳамсарам Дубай ва Туркия рафтаам. Ман аз ин кишварҳо хотироти бисёре овардам. Ториху меъмории Туркия маро дар воқеъ тасхир кард. Ман ошиқи бозорҳои ин кишвар шудам ва зевару зебафзорҳои бисёре овардам.
— Русия ҳам рафтаед?
— Ҳануз не, вале умедворам рӯзе бо ҳамсараму писарчаамон ба Русия хоҳем рафт.
Дар бораи саргармиҳо, дӯстон ва китобҳо
— Оё ҳоббӣ ё саргармиҳое доред ва вақти озодатонро чӣ гуна мегузаронед?
— Ҳануз аз замони донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ мусиқиро дӯст медорам. Ман суруд хонданро бисёр дӯст медорам ва дар донишгоҳ яккахони ду дастаи эстрадӣ будам. Вале пас аз таваллуд шудани Суруш ман истироҳат дорам.
— Кадом китобҳоро дӯст медоред?
— Ман дӯстдори адабиёти классик ҳастам: осори Булгаков "Мастер ва Маргарита", "Дили сагӣ", Дэниел Киза "Гулҳои Элҷерон", Эмили Бронте ва китобҳои Холид Ҳусейниро мутолиа мекунам.
— Дӯстонатон кистанд?
— Ман дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо шиносҳои бисёре дорам. Ду дугонаи наздик дорам, ки онҳоро бисёр дӯст медорам — Дилноза Рустамова ва Меҳрангез Мамадназарова.
— Ба фикри Шумо зиндагии ҷавонони пойтахти Тоҷикистон чӣ гуна аст? Насли ҷавон дар бораи чӣ фикр мекунанд?
— Ман танҳо дар бораи касоне гуфта метавонам, ки мешиносамашон. Ҷавононе, ки дар даврони истиқлол ба воя расиданд, аз волидонашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Онҳо пешрафта ҳастанд, бо интернет дӯстӣ доранд ва бисёр фаъол ҳастанд. Дар миёни ҷавонон довталабон зиёданд. Чун ҷавонони дигар кишварҳо мо ҳам орзу мекунем, ки маълумоти хуб, кори сердаромад, дӯстони нағз ва шахсони дӯстдошта ва ташкили хонаводаи солим аст. Ва албатта, гардишгарӣ ва истироҳат кардан.
— Интернет барои Шумо чӣ маъно дорад?
— Дар навбати аввал он бароям манбаъи ахбору иттилоъ аст. Масалан, агар таби кӯдак баланд шавад бояд чӣ кор кард? Интерент барои пайдо кардани маълумот ва ошноӣ бо мардум манбаъи хубест.
— Оё дар бораи идомаи фаъолияти муделӣ ва ҳунарпешаӣ фикр кардаед?
— Бале, ман ин корро меписандам. Пешниҳоди нақшофарӣ дар реклама ва филм бисёр буд. Вале ба филмнома вобаста аст. Ман мехоҳам, бештар бо хонавода бошаму дар ояндаи наздик, ки писарамон каме бузургтар мешавад ба мусиқӣ машғул шавам.
— Ташаккур барои мусоҳиба, Мадина. Муваффақ бошед.