Светлана ё Шамсия - ҳамсари Довуд Аминов: зани дуюмро якҷо интихоб мекунем

© Фото : Из личного архива Светланы УстиновойСветлана Устинова с мужем Довудом Аминовым
Светлана Устинова с мужем Довудом Аминовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҷрии барномаҳои телевизионии шаҳри Александров - Светлана Устинова, ки моҳи август бо ҷавони тоҷик- Довуд Аминов хонадор шуд, ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳамсарӣ бо ҷавони тоҷик, қабули дини Ислом ва ивази ном нақл кард

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Светлана Устинова моҳи август бо ҷавони 22 солаи тоҷик хонадор шудаву Исломро қабул кардааст.

Тамоми умр нигоҳи ӯро меҷӯстам

Светлана ва Довуд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ошно шудаанд. Ҷавони тоҷик, ки тоза аз Тоҷикистон ба Русия омадаву дар бахши таъмири техникии ҳавопаймоҳо кор мекард, аз Светлана барои омӯхтани забони русӣ кӯмак хостааст. Светлана изҳор дошт, ки маъмулан ба чунин паёмҳо ҷавоб намедиҳад, вале ин бор дасташ худ ба худ ба навиштан оғоз кард.

"Довуд худаш маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёфт, чеҳраи шиносро дида ба ман паём навишт. Аз паёмҳояш дарк кардам, ки ӯ худро танҳо эҳсос мекунад-на дӯсте, на шиносе, на хешованде дар шаҳри бегона", — нақл кард Светлана.

Он замон Светлана дар яке аз нашриёти маҳаллӣ дар бораи саргузашти намояндагони миллатҳои гуногун қисса менавишт. Пас аз шиносоӣ бо Довуд ӯ тасмим гирифт, ки саргузашти ӯро ҳам бинависад ва бо ин мақсад Довудро ба мусоҳиба даъват кард.

"Бо дидани ӯ дар ман эҳсоси шавқоварии рӯзноманигорӣ авҷ гирифт. Барои чӣ? Довуд-халабони низомӣ, ӯ беш аз 80 бор тариқи парашют парвоз кардааст. Пас аз дидани наворҳои парвозҳояш бо парашют, ман тасмим гирифтам, ки барои нашриёти мо чунин қаҳрамон лозим аст", — гуфр рӯзноманигор.

© Фото : Из личного архива Светланы УстиновойДовуд Аминов и Светлана Устинова
Довуд Аминов и Светлана Устинова - Sputnik Тоҷикистон
Довуд Аминов и Светлана Устинова

Ба гуфти Светлана ӯ Довудро дар нақши ҳамсари оянда тасаввур намекард, вале ба ин нигоҳ накарда дар вохӯрии нахустин миёни онҳо ҷаззобияте эҳсос шуд.

"Вақте ӯ нахустин бор ба ман нигоҳ кард, ман дар чашмонаш худамро дидам. Чунин менамуд, ки ман тамоми умр ин нигоҳро ҷустуҷӯ мекардам", — изҳор дошт Светлана.

Чанд моҳи дигар бо вохӯриҳои пай дар пай сипарӣ шуд. Довуд пешниҳоди рӯзноманигори русро барои ба кино, театру консерт рафтан бо шодӣ мепазируфт. Дар баробари ин ба гуфти Светлана Довудро фарқияти синну солӣ (Довуд-22 сола ва Светлана-56 сола) нороҳат намекард.

Ҷасорат ва оромии ҷавони тоҷик зани русро тасхир кард. Пас аз чанд моҳи вохӯриҳо Довуд нахустин бор аз дасти Светлана гирифт.

Никоҳ, загс ва шиносоӣ бо волидон

Светлана дар ёд надорад, ки кадом вақт Довуд ӯро ба занӣ хондааст. Ҳамааш яку якбора рух дод. Довуд ба зону назад, фақат Светланаро ба оғӯш гирифту изҳори муҳаббат кард.

Пас аз панҷ моҳи ошноӣ ин ҷуфт тасими хонадор шуданро гирифтанд. Онҳо аризаи худро ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супориданд. Довуд-мусулмон. Светлана ба хотирри ӯ ва ба хотири ишқи худ дини худро иваз карду мусулмон шуд. Онҳо ҳамчунин бо никоҳи мусулмонӣ қарори худро таҳким бахшиданд. Ва тӯйро ҳам тибқи қавонини Ислом барпо намуданд. Ба гуфти Светлана қабули ин қарор барояш осон буд, чун пештар пайрави ягон дин набудааст.

© Фото : Из личного архива Светланы УстиновойФото Светланы Устиновой с мужем Довудом Аминовым и его родителями
Фото Светланы Устиновой с мужем Довудом Аминовым и его родителями - Sputnik Тоҷикистон
Фото Светланы Устиновой с мужем Довудом Аминовым и его родителями

"Ман дар роҳи эътиқод роҳи дарозро тай кардам ва Исломро бо осонӣ қабул намудам. Ҳамсари ман — марди ботақво ва диндор аст, ӯ ва аҳли оилаашон даъват карданд, ки мо никоҳ кунем. Ман бо чунин тасмими онҳо розӣ шудам, барои ҳамин ба ман ин кор мушкил набуд", — нақл кард рӯзноманигор.

© Фото : Из личного архива Светланы УстиновойФото со свадьбы Светланы Устиновой с Довудом Аминовым
Фото со свадьбы Светланы Устиновой с Довудом Аминовым - Sputnik Тоҷикистон
Фото со свадьбы Светланы Устиновой с Довудом Аминовым

Светлана дар баробари қабули дини Ислом номи худро ҳам иваз кард. Анкун Светлана-Шамсия ном дорад.

Пас аз чанд рӯз баъди никоҳ оилаи нав бо ариза ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кард. Дар ин маросим шахсони наздик ва дӯстони ҳарду даъват шуданд. Аз Тоҷикистон падари Довуд омад.

Ҳамчунин дар тӯй модари Светлана ва духтарарш ҳам ҳузур доштанд. Ба гуфти Светлана Довуд ба аҳли оилаи онҳо писанд омад.

"Модар ва духтарам даррав Довудро қабул карданд. Ӯ бо рафтори худ ба онҳо бисёр писанд афтод. Набераҳоям ҳам ӯро дӯст медоранд. Довуд забони онҳоро тез ёфт. Умуман аҳли оилаам маро дар ин кор дастгирӣ кард. Духтарам гуфт "модарҷон шумо чӣ кор карданатонро медонед", — нақл кард рӯзноманигор.

Зани дуюмро ҳамроҳ интихоб мекунем

Пас аз тӯй оилаи нав моҳе ба ҳам зиндагӣ карду Довуд ба Тоҷикистон рафт. Светлана гуфт, ки ин "моҳ дар воқеъ моҳи асалӣ буд". Ҳамаи масоил бо роҳи маслиҳату ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мешуд. Ягон муноқиша миёни онҳо рух надодааст.

Дар бораи фарзанд, Светлана мегӯяд, ки дар таи се-чаҳор соли оянда онҳо намехоҳанд худро бо ин фикр банд кунанд: Довуд бояд соҳиби маълумоти олӣ шавад ва ошиқон мехоҳанд ба гардишгарӣ машғул шаванд.

© Фото : Из личного архива Светланы УстиновойДовуд Аминов
Довуд Аминов - Sputnik Тоҷикистон
Довуд Аминов

Ба гуфти Светлана Довуд кӯдаконро дӯст медорад ва агар ӯ бихоҳад, Светлана зид нест, ки Довуд зани дуюм бигирад.

"Мо дар ин бора пеш аз тӯй ҷиддӣ суҳбат кардем. Тибқи Қуръон як мард метавонад чаҳор зан дошта бошад. Албатта чаҳор зан ба мо лозим нест, вале зани дуюмро пас аз чанд сол мо ҳамроҳ интихоб мекунем. Ва фарзандони Довуд, фарзандони ман мешаванд", — гуфт Светлана.

Довуд дар ин росто Светланаро дастгирӣ карда ва гуфтааст, ки зани дуюмро онҳо бо Светлана албатта ҳамроҳ дар Тоҷикистон интихоб хоҳанд кард.

Шарти асосӣ барои зани дуюм гӯш кардани Светлана ва кӯчидан ба Русия аст.

Дар баробари ин Светлана гуфт, ки омода аст барои ба расмият даровардани зани дуюм аз Довуд расман ҷудо шавад.

© Sputnik / Стас ЭтвешРоссийская телеведущая Светлана Устинова
Российская телеведущая Светлана Устинова - Sputnik Тоҷикистон
Российская телеведущая Светлана Устинова
Лентаи хабарҳо
0