ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳафтаи гузашта дар кинотеатри "Иллюзион" дар доираи Форуми 16-уми филмҳои миллӣ намоиши филми "Сафари ҳавоӣ" баргузор гардид.
Дар Тоҷикистон тамошобинон аллакай ин филмро дар кинотеатрҳо тамошо карданд ва акнун филми дуэти коргардон Далер Раҳматов ва модараш Гуландом Муҳаббатова ба Маскав омад.
"Мо мақсад доштем як филми масҳакавӣ барои аудиторияи васеъ сабт намоем. Аз аввал мо ин филмро на чун номзад барои иштирок дар ҷашнвораҳо омода намудем",-изҳор дошт коргардон қабл аз намошии филм.
Далер Раҳматов нақл кард, ки филм дар бораи вохӯрии ду нафар, ки зоҳиран ба ҳам хеле монанданд нақл мекунад. Яке-бачаи соддаи қишлоқӣ Сафар ва дигар-сайёҳ Жан, ки аз Фаронса ба сайругашти ҷаҳонӣ баромадааст.
"Дар дунё чунин ҳодисаҳо зиёданд, як шахс ба каси дигар хеле монанд мешавад, вале дар зиндагӣ онҳо бо ҳам вонамехӯранд, дар филми мо бошад онҳо ҳамдигарро мебинанд",-шарҳ дод коргардон.
Ба қавли ӯ мақсади асосии такшилкунандагони филм хандонидани мардум буд.
"Мо кӯшмш кардем, филмро чунон ба навор гирем, ки дар вақти тамошои он мардум ба ханда дароянд. Намедонам тамошобиноин Русия филмро чӣ гуна қабул мекунанд, бароям вокуниши онҳо аҷиб аст",-як навъи кӯшиши сабти филми масҳакавӣ, чун коргардон асосан филмҳои драммавӣ сабт мекунад.
Филм дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба навор гирифта шудааст. Ба қавли Далер Раҳматов аз ҳама зиёд қаҳармони дуюмидараҷаи филм-баллони рангоранг дар ёди ӯ нақш бастааст.
Дар Тоҷикистон баллони ҳавоӣ набуд ва мо ба Қирғизистон рафтем. Ҳангоме, ки сенраияи филмро тартиб медодем, дар бораи тарзи кори баллон хабар надоштем. Чуноне маълум шуд, онро идора кардан намешавад. Онро танҳо бардоштан ва фаровардан мешаваду халос, самти роҳро шамол муайян мекунад. Дар ин хусус мушкилиҳо буданд, вале ҳамааш шавқовар буд: мо камераро дар як тараф мегуззорему баллон ба ҷониби дигар павроз мекунад",-мегӯяд бо табассум коргардон.
Зимни интихоби қаҳрамони асосӣ каме мушкилӣ пеш омад. Далер Раҳматов қайд мекунад, ки бахташ омад кард, ки Асад Голубев барои бозидани нақши Сафар ва Жан розӣ шуд.
"Асад Голубов-рафиқи мо аст, мо хостем ӯро дар ин нақш бисанҷем. Фикр мекунам ӯ аз ӯҳдаи бозидани ду нақши мушкил-бачаи тоҷик ва сайёҳи фаронсавӣ баромад. Ин кори осон нест",-изҳор дошт коргардон ва илова кард, ки Голубев дар зиндагии ҳаққиқӣ журналист аст.
Филми масҳакавӣ ба табъи дили тамошобинони Маскав мувофиқ омад. Тамошобинон баъди ҳар гардиши зиндагии ду қаҳарамони филм механдиданд. Шӯхиҳо ҳам ба тоҷикон ва ҳам ба мардуми рус фаҳмо буданд. Барои тоҷикон албатта филм ҷаззобияти дигар дошт, чун аз деҳаҳо ва қишлоқҳои ватанашон ёд меовард.
Аз байни филмҳои дӯстдошта Раҳматов филмҳои коргардонони даврони Шӯравиро меписандад.
"Албатта яке аз машҳуртарин коргардонони Тоҷикистон Бахтиёр Худоназаров аст. Мутаассифона ӯ аллакай ин дунёро падруд гуфт. Идеал барои ман Георгий Данелия ва Леонид Гайдай ҳастанд. Мо фикр мекунем, ки онҳо танҳо дар миқёси сибиқ иттиҳоди Шӯравӣ машҳуранд, вале дар ҳақиқат онҳо беҳтаринанд",-қайд кард Раҳматов ва илова намуд, ки филми дӯстдоштаи ӯ-"Мимино" аст.