Сафири нави Тоҷикистон дар Қатар расман корашро оғоз кард

© Фото : МИД РТПосол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот
Посол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода рӯнавишти устуворномаашро ба дабири кулли Вазорати умури хориҷии Қатар Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ супурд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар дидоре, ки Соҳибзода пас аз баргузории маросими тақдими рӯнавишти устуворнома бо ал-Ҳамодӣ дошт, масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: сафирҳои ҶТ дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз шуданд

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, иқдомҳои минбаъдаро дар ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ дар Давҳа моҳи феврали соли 2017 ҳосил шуданд, ба нақша гирифтанд.

Ҳамчунин, атрофи дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0