ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармоне Исматулло Насрединовро ба сабаби гузаштан ба кори дигар аз симати сафири Тоҷикистон дар Австрия озод кардааст. Насреддинов ҳамчунин аз симати Намояндаи доими ҶТ дар Созмони амнияту ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Вена, пойтахти Австрия ҷой доранд, ҳамчунин сафири ҶТ дар Италия, Словакия ва Маҷористон низ озод шудааст.
Раисҷумҳур бо фармони дигаре Идибек Қаландарро ба симати сафири фавқулодаву мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия мансуб кардааст.
Ҳамчунин Хисрав Соҳибзода бо фармоне ҷойгузини Ардашер Қодирӣ дар симати сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар шудааст. Иллати аз вазифа озод шудани Қодирӣ низ "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.
Ба ҳамин иллат Зоҳир Саидов низ аз симати сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон озод шудааст. Раисҷумҳур бо фармоне дигар Рустам Солиро сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъйин кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо имзои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумъазодаро аз симати сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда ва Заробиддин Файзуллозодаро ба ин симат мансуб кардааст.