Бэйби буми тоҷикӣ ё Душанбе аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё чӣ суд мебинад?

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкНоворожденные, архивное фото
Новорожденные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҷамъият ба шиддат афзоиш меёбад. Дар 25 соли ахир аҳолии кишвар се баробар бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун ҷамъияти Тоҷикистон камобеш 30 дарсад афзудааст, ҳарчанд кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондаву онро камубеш як милюн кас тарк кардааст.

Бэйби-бум ё пурзоӣ дар ин кишвар ба даврони буҳрони иқтисодӣ рост омадааст. Аз соли 2008 то кунун ҷамъияти кишвар беш аз 16 дарсад афзуда ва акнун дар Тоҷикистон камобеш 9 милюн кас ба сар мебарад.

Дмитрий Попов, руководитель Уральского информационно-аналитического центра РИСИ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос сабаби ба Русия муҳоҷират кардани тоҷиконро гуфт

Бино бар гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҳоло нишондодҳои афзоиши ҷамъияти кишвар бо суръати корофаринӣ ҳамонҳанг нест. Дар натиҷа, ҳар панҷумин шаҳрванди калонсоли Тоҷикистон маҷбур аст, ки дар хориҷ аз кишвар кор ҷуста зиндагии хонаводаашро бичархонад.

Ҳамзамон ду севум аз нерӯҳое, ки дар кишвар кору кунише доранд, дар бахшҳои ғайрирасмии иқтисод фаъолият мекунанд, яъне шахси ҳуқуқӣ ташкил намедиҳанд. Кор дар ин бахшҳо чандон даромаду замонбандии дақиқ надорад ва пешрафту имтиёзе ҳам ба коргарон намедиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар сӣ соли наздик ба гумон аст, ки битавонад нерӯи кориашро бо кор таъмин кунад. Ин гуфта чунин маънӣ дорад, ки мушкили камбуди кор дар кишвар бо муҳоҷират ба хориҷа ҳалл карда хоҳад шуд.

"Ҷамъияти Тоҷикистон ҳар сол 2 — 2,1 дарсад афзоиш меёбад. Ҳар сол ба бозори кор 150 то 180 ҳазор нерӯи нав ворид мешаванд, ки бояд барояшон кор офарид. Вале кишвар чунин имкону шароите надорад, ки ҳама корҷӯёнро аз кор таъмин кунад", — мегӯяд мудири пешини Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон Анвар Бобоев.

Бар пояи гузоришҳои Ожонси шуғли аҳолии ҶТ,  дар тули як сол камобеш 40 ҳазор шаҳрванд дар созмонҳо ва ширкатҳои кишвар машғул истихдом мешаванд.

"Ҳамасола 100 то 150 ҳазор ҷои кор ташкил мешавад. Аммо дар асл ин корҳо муваққат ва мавсимӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар маҷбур мешаванд ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷа раванд. Дар ин ҳол бояд ба шаҳрвандоне, ки хориҷро ихтиёр мекунанд, касбу корҳои замонавиро омӯхт ва бозори кори Русия ва дигар кишварҳои ҳамсудро пажӯҳиш кард. Ман фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё аст. Мо ин бозори корро бояд аз даст надиҳем", — таъкид мекунад ин коршинос.

Лентаи хабарҳо
0