Кумири ду аср: Андӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Иранского певца Andy
Концерт Иранского певца Andy - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин менамояд, ки гузашти замон бар Андӣ асаргузор нест. Андиеро, ки дар кӯдакӣ дар телевизиюн медидам, дирӯз бе ҳеҷ нишонаи бузургсолӣ дар саҳна тамошо кардам

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Рӯзи 6 сентябр нахустин консерти овозхони номии эронӣ Андӣ Мададиён дар толори "ГлавClub Green"-и Маскав баргузор шуд.

Андӣ дар консерташ бори дигар исбот кард, ки мусиқӣ сарҳад надорад ва он мардуми гуногунро метавонад ба ҳам биёрад. 

Ба дидани кумири худ тоҷику узбак, эрониву қазоқ, русу арманӣ ва афғону ҳинду омада буданд. Яке бо хонавода, дигаре бо дӯстдухтар, сеюмӣ бо рафиқон ва чаҳорумӣ бо падару бобо ба дидори Андӣ мешитофтанд ва аз ҳавои сарду боронии Максав худро дар оғӯши фазои гарму самимӣ дармеёфтанд.

Иранский певец Анди на концерте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Андӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Андӣ яке аз камшумортарин ҳунармандоне аст, ки қариб ҳар як суруди ӯ хит шудааст.  Дар воқеъ ӯ дирӯз толори консертиро ба як майдони дӯстии халқҳо табдил дод.

Расо соати 20:00 Аслишо Акимбеков бо овози ҷаззобаш бо забони тоҷикӣ "Ассалому алейкум, дӯстон"-гуён ба корсерт ҳусни оғоз бахшиду ровии дигари барномаи ҳунарӣ Тамара Оганасян ба саҳна меҳмони барнома ва дӯсти Андӣ —Григорий Есаянро даъват кард.

© Sputnik / Стас ЭтвешАслишо Акимбеков на концерте иранского исполнителя Анди
Аслишо Акимбеков на концерте иранского исполнителя Анди - Sputnik Тоҷикистон
Аслишо Акимбеков на концерте иранского исполнителя Анди

Чун консерт соате пас аз замони муқарраршуда оғоз шуд, мухлисони Андӣ аллакай ӯро интизор шуда буданд ва пайдо шудани Егасян онҳоро каме нороҳат карду  дар чеҳраҳояшон аломати маҳзунӣ дида мешуд. Вале бо оғози мусиқии шӯх ҳамагӣ болидахотир шуданду ба покӯбӣ даромаданд.

Есанян чанд сурудеро аз эъҷодиёташ сароиду ба шумориши ҳамзабононаш пардохт. Ӯ чанд бор бо суоли "арманиҳо ҳастанд, эрониҳо куҷоянд, тоҷикон чанд касед, узбекҳо ҳаминҷоянд"-гуён аз тамошобинон суол кард. Вале дар ҷавоб овози тоҷикон аз ҳама баланд садо дод.

Пас аз маълум кардани шумораи қавмии тамошобинон Есанян боз ҳамагиро ба рақс даъват карду бо давомнокии сурудхониаш ғазаби баъзе аз тамошобинони бетоқатро овард. Вале ҳамааш хуб тамом шуду Есанян дар охир суол кард, ки оё чанд касе Андиро аз наздик дидор кардааст. Маълум шуд, ки қариб 90 дарсади тамошобинон боре ҳам Андиро аз наздик надидаанд ва муштоқи дидораш ҳастанд.

Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд

Ӯ ваъда кард, ки пас аз чанд дақиқа онҳо албатта ба дидори овозхони дӯстдоштаи худ хоҳанд расид.

Аслишо ба суханони "Lady and gantlenams" суханрониашро оғоз карду мардум пай бурд, ки вақти баромади Андӣ омад. Лаҳзае, ки  Андӣ аз дурӣ дар саҳна намудор шуд, мардум Андӣ, Андӣ, Андӣ гуён бо овози ҷарангосӣ садои мусиқиро ҳам пахш карданд.

"Ассалому алайкум, дӯстони азаз! Хеле шодам аз дидоратон. Ҳолатон хуб ҳаст", — гуён Андӣ дили мухлисонашро шод карду ба сароидани суруди "Чашмони нозат" ҳунарнаоияшро оғоз бахшид.

Андӣ дар тӯли тақрибан ду соат бо овози зинда дар назди мухлисонаш баромад кард. Ӯ гоҳе бо онҳо суҳбат мекарду гоҳе онҳоро ба ҳамовозӣ мехонд, гоҳе изҳори хушнудӣ мекарду гоҳе дасташро ба сӯи тамошобинон дароз карда мекӯшид ба муҳаббатҳои мухлисонаш ҷавоб диҳад.

"Ман аз он сӯи уқёнус барои дидори ҳамватанонам, ҳамзабононам омадам. Пас чаро ин ҷо монеъаҳо мондаанд миёни мову шумо", —гила мекард овозхони номӣ аз монеъаҳои дар байни тамошобинону саҳна.

© Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт Иранского певца Andy в Москве
Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Концерт Иранского певца Andy в Москве

Таҳти суруди "Лайлиҷон"-и Андӣ ба саҳна раққосаҳои нозукбадан баромаданду толорро ҳам ба "ҷунбиш" дароварданд. Аз дур чашмам ба ду ҷавони тоҷик афтод, ки дар наздикии саҳна дар ҷои танге  мерақсиданду бо ҳаракатҳои дастҷунбонии тоҷикона, ки ҷои фарохро талаб мекунад, таҳти навои марғуб чарх мезаданд.

"Ман аз кӯдакӣ сурудҳои Андиро гӯш мекардам. Имрӯз ба дидораш расидам. Бисёёёёр шодам", — гуфт яке аз раққосон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Sputnik / Стас ЭтвешЗрители на концерте Иранского певца Andy
Зрители на концерте Иранского певца Andy - Sputnik Тоҷикистон
Зрители на концерте Иранского певца Andy

Сурудҳои Андӣ на фақат дар дилу дидаи мардуми форсизабон ҷой шудааст, балки сабаби номи "Нилуфар" гирифтани нисфи духтарони Тоҷикистон аст.

Вақте мусиқии суруди "Эй духтари саҳро Нилуфар"  оғоз шуд, ҳамагӣ  бо Андӣ ҳамовоз шуданду сурудро то охир сароиданд. Умуман ҳар як суруде, ки Андӣ шурӯъ мекард тамошобионон онро идома додаву то охир ҳамроҳаш месароиданд.

Ман бошам бо ҳайрат ба Андӣ менигаристаму аз энергияи ӯ ва ҳунараш ҳайратзада шудам. Ба наздикӣ Анди 60 сола хоҳад шуд, вале ҳамон Андиеро, ки ман дар кӯдакӣ медидам дигар нашудааст. Чуноне маълум шуд ин далел фақат маро ба ташвиш наовардааст.

"Ман аз қувваи Андӣ дар ҳайратам, чун ман ӯро аз даврони кӯдакиам дар ёд дорам. Ӯ кумири ман буд. Ӯ кумири насли ду аср ҳаст: онҳое, ки имрӯз дар ин консерт ҳузур доранд ва боз падару модарҳояшон. Ман медонистам, ки дар оянда сароянда мешавам, вале дар бораи дар як саҳна суруд хондан бо Андӣ орзу ҳам намекардам. Дар муддати кӯтоҳе, ки мо дӯстӣ дорем ман пай бурдам, ки чӣ гуна Андӣ шахси хоксор, меҳрубон аст. Бо вуҷуди шӯҳрати беандозааш дар ҷаҳони мусиқӣ ӯ одамгагиро аз даст надодааст ва ин хусусияти беназири ӯст. Албатта ба фикри ман ишқу муҳаббати тамошобинон ба ӯ чунин қувва мебахашд. Овозхони оддӣ чунин наметавонад", — гуфт Григорий Есаян, ки меҳноми барномаи ҳунарии Андӣ буд ва ҳамроҳаш чанд суруде ҳам дар саҳна бо забони амрманӣ хонда буд.

© Sputnik / Стас ЭтвешПевец Григорий Есаян на совместном концерте с Иранским певцом Andy
Певец Григорий Есаян на совместном концерте с Иранским певцом Andy - Sputnik Тоҷикистон
Певец Григорий Есаян на совместном концерте с Иранским певцом Andy

Чанде пас ташкилкунандагони консерт монеъаи дуюмиро аз миён бардоштанду акнун тамошобинони сафҳои ақиб ҳам ба Андӣ наздиктар шуданд. Дигар касе фарқ намегузошт, ки чиптаи ӯ аз кадом қатор аст ва ӯ аз Тоҷикиситон аст, Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Қазоқистон ё Русияю Арманистон. Ҳама мерақсиданду баробари Андӣ судудҳои "Арӯсак", "Духтар бандарӣ", "Дорам мерам ба Теҳрон", "Қисса аз куҷо шурӯъ шуд", ва дигар хитҳои шоҳи мусиқии эрониро якҷоя месароиданд.

"Ташкил кардани чунин консерти интернатсионалӣ бисёр душвор аст. Аудитория гуногун аст. Вале чуноне мебинем мардум аз дидори Андӣ хурсанду шоданд, яъне кори мо барор гирифт", —гуфт яке аз ташкилкунандгони консерт Армен Аракерян ва афзуд, ки дар умум дар толор наздики ҳазор тамошобин ҷамъ шудааст.

Дар Маскав, дар рӯзи корӣ-чаҳоршанбе ҷамъ кардани тамошобинон кори осон нест. Вале Андӣ тавонист мардумро ҷамъ кунад.

"Ман ин консертро солҳо интизор будам. Мухлиси воқеъии Андӣ ҳастам ва суруҳояшро бисёр дӯст медорам", — гуфт Фотима, ки ҳамроҳи шавҳараш ба тамошои ҳунарнамоии Андӣ омада буд.

Таассуроти дигар тамошобинонро дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

"Ин идомаи сафари ҳунариамон ҳаст. Пештар дар Истамбулу Барселона ва дигар шаҳрро беист дар давоми ду ҳафта ҳунарнамоӣ кардем. Ва акнун ба Ню Йорк бармегардем", — гуфт бародар ва продюсери Андӣ, Варуш Мададиён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва афзуд, ки моҳи ноябр ҳунарнамоӣ дар Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам дар нақша ҳаст.

Григорий Есанян гуфта буд, ки тамошобинон албатта ба дидори Андӣ мерасанд, вале мушоҳидаҳои ман исбот мекарданд, ки на ҳамаи тамошобинон Андиро диданд.

Чун солҳои охир тамошобини косерт холаи "ҳамfкора" шудаанд. Ба ҷои тамошои овозхон, наздики 97 дарсади тамошобинон дар даст Айфон ва кӯшиш мекарданд тариқи интернет аз консерти Андm  ба дӯстонашон хабар диҳанду худи Андиро на аз пеш, балки тариқи видеои телефонӣ бо дастони бардошта тамошо мекарданд. Аз ин рӯ фикр мекунам дидори тамошобинон бо Андӣ зери суол мемонад.

© Sputnik / Стас ЭтвешЗрители на концерте Иранского певца Andy
Зрители на концерте Иранского певца Andy - Sputnik Тоҷикистон
Зрители на концерте Иранского певца Andy

Беш аз ду соат Андӣ бо овози зинда дар назди тамошобинони тоҷику афғон, русу анрманӣ, эрониву узбаку қазоқ ҳунарнамоӣ кард.

Бе шубҳа дар авзоъи ҷангҷӯёнаи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо боварии том метавон Андиро яке аз сафирони сулҳ дар ҷаҳон ва мусиқиро пайвандгари мардуми дину мазҳаб унвон кард.

Соати 22:37 консерти Андm анҷом ёфту мухлисонаш то истгоҳи метро баргузории консертро муҳокима мекарданд. Гурӯҳе ҳам дар сари роҳ аз ҳунарнамоии Андm чунон ба ваҷд омада буд, ки бо овози баланд сурудҳои Андиро зам зама карда мерафт…

Лентаи хабарҳо
0