ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Нахустин ҳунарнамоии Андӣ дар шаҳри Маскав 6 сентябр баргузор мешавад.
Чуноне, ки Аслишо Акимбеков, муҷрии ин барнома, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, консерти Андӣ дар толори "ГлавClub Green" баргузор мешавад. Ин толор дар хиёбони Орҷоникидзе, 11с1, ҷой дорад.
Билети электруники ин консертро метавон аз вебгоҳи "ГлавClub Green" харид кард.