Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд

© SputnikШабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештари мухлисон бо аҳли хонавода ва куллияи дӯстонашон ба тамошои ҳунари маликаи саҳна, ё ба истилоҳ примадонаи тоҷик омада буданд. Шӯрӯъ аз дақиқаҳои аввали консерт то ба охирин лаҳза дар толори барҳаво мусиқии шӯху фази лабрез аз рақсу бозӣ танинандоз буд.

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ду овозхони саршиноси тоҷик- Шабнами Сурайё ваҶонибек Муродов сафари ҳунарии худро дар Русия оғоз карданд. Ҳунарнамоии нахустини сарояндаҳо рӯзи гузашта дар толори давлатии консертии мавсум ба "Россия" дар шаҳри Маскав баргузор гардид.

Интизор меравад, бону Шабнам ва Ҷонибек шоми имрӯз, 23 май дар пойтахти шимолии Русия, шаҳри Санкт-Петербург дар хонаи фарҳангии ба номи Горкий консерт нишон дода, баромади ниҳоияшон рӯзи 25 май дар хонаи фарҳанги ба номи Лавров дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардад.

"Дар Маскав дер боз консерти ин сарояндагон баргузор нагардида буд ва мухлисон муштоқи сурудҳои ҷаззобашон шудаанд",-гуфт яке аз масъулини консерт ва раққоси ансамбли "Гулчин" Фарҳод Ҷонмаҳмадзода.

Ба қавли ӯ, дар феҳрасти сафарҳои ҳунарии Шабнам ҷо гирифтани ин се шаҳр бо зиёд будани шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин манотиқ вобастагӣ дорад. Дар нақша буд, ки дар шаҳри Краснодар низ консерт доир гардад, вале бо сабаби машғул будани ҳунармандон дар ин шаҳр консерт доир намешавад.

"Дар Маскав мо 5 ҳазор тамошобинро интизорем. Дар шаҳри Санкт-Петербург бошад, то се ҳазор нафар ва дар шаҳри Екатеринбург зиёда аз 2 ҳазор нафар аз сурудҳои Шабнам ҳаловат хоҳанд бурд",- илова мекунад Фарҳод.

Сафари ҳунарии машҳуртарин сарояндаҳои Тоҷикистон ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад.

"Имрӯз (манзур 22 май аст- шарҳ аз идора) рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ мебошад, ки бо рӯзи консерт рост омад. Тоҷикистониёни муқими Маскав аввал ба овоздиҳӣ ва баъд ба консерти сарояндаҳои дӯстдоштаашон мераванд",-гуфт ин масъули баргузории консерт.

Ба гуфти Фарҳод Ҷонмаҳмадзода, аснои омодагӣ ба консерт мушкили асосӣ хабардор нашудани қисми зиёди шаҳрвандони тоҷик буд, чунки на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет фаъоланд.

© SputnikШабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
Шабнами Сурайё дар толори консертии Россия - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
© SputnikТамошобинон дар консерти Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия" рақс мекунанд
2/4
Тамошобинон дар консерти Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия" рақс мекунанд
© SputnikШабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
3/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
© SputnikШабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
4/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
1/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
2/4
Тамошобинон дар консерти Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия" рақс мекунанд
3/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"
4/4
Шабнами Сурайё дар толори консертии "Россия"

"Ба ин нигоҳ накарда консерт дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Аксари тамошобинон ҳамроҳи аҳли оилаашон омада буданд. Лаҳзаи ба саҳна баромадани Шабнам гувоҳӣ аз он медод, ки воқеъан ҳам ӯ миёни мардум маҳбубияти хоса дорад",- меафзояд ӯ.

Thank you Moscow! 🇷🇺 ✌🏼️

Видео опубликовано 🎬Welcome To Official Page (@shabnamisurayo_page) Май 22 2016 в 5:23 PDT

Дар баробари садо додани мусиқии дилнавоз тамошобинон аз ҷойҳои худ бархоста, ба рақс даромаданд. Дар ин лаҳзаҳо мардум фарқ намегузоштанд, ки читпаи онҳо аз кадом қатор аст, ҳар ҷои холие, ки дар он ҷо вуҷуд дошт, ба майдони рақс бадал гашт.Ҳама якҷоя мерақсиданд ва ҳаракатҳои хоси миллӣ-ҷунбонидани дасту пой рақсҳои мардумро боз ҳам дилнишинтар мегардониданд. Чунин менамуд, ки ин на танҳо як консерти оддӣ, балки ҷашни бузурги дилҳост.

Дар назди саҳна мухлисони бешумори Шабнам ҷамъ омада, сарояндаи маҳбуби дилашонро наворбардорӣ кардан мехостанд, аммо таҳти навои марғуб ашрғушт мерафтанду бо овозхон ҳамовоз мешуданд.

Аксари онҳо анҷом ёфтани сурудро интизор нашуда, барои ибрози ибрози меҳру муҳаббати самимӣ ба саҳна баромада, овозхонро гулборон мекарданд. Ҳеч кас аз истиқболи гарму дилпазири маликаи саҳнаи тоҷик бенасиб намонд.

Шабнам бо мамнуният тӯҳфаҳои тамошобинонро қабул намуда, дар саҳна ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ бо ҳамаи хоҳишмандон аксбардорӣ карда, дили тоҷикони дур аз ватанро лвҳзае бо ёди Ватан гарм мекард.

Консерт кайҳо ба охир расида бошад ҳам, мухлисон Шабнаму Ҷонибекро то дер вақт дар толор нигоҳ доштанд. Гуфтугӯи тамошобинон бо овозхонҳои писандидаашон то дили шаб идома ёфт, шабе, ки ҳеч кас поён шудани онро намехост.

Лентаи хабарҳо
0