Шоми ҷавонӣ ва оташбозӣ: анҷоми Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар Суғд бо барномаи муштараки фарҳангиёни Бадахшону Суғд ва оташбозӣ анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати Суғд, шоми рӯзи ҷумъа, дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" барномае бузург бахшида ба "Соли ҷавонон" баргузор шудааст.

Дар барномаи фарҳангии "Шоми ҷавонӣ", ҷавонони вилояти Суғд ва ширкаткунандагони Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳузур доштанд.

Дни культуры ГБАО в Согде - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Шодихон Ҷамшед аз шаҳраки навбунёди Сайҳун

Ҳунармандони Суғд ва ВМКБ ба тамошобинон барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.

Ба гузориши манбаъ, сарояндагон дар ин шом сурудҳоеро дар васфи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату соҳибистиқлолии Ватан иҷро карданд.

Дар барномаи муштараки фарҳангӣ роҳбарияти вилоятҳои Суғду Бадахшон ҳам ширкат кардаанд.

Пас аз анҷоми барномаи муштараки фарҳангӣ мушакпарронии идона баргузор гардида, Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба анҷом расид.

Лентаи хабарҳо
0