ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, меҳмононро муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода ва Анвар Яъқубӣ дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.
Ба раиси ВМКБ иттилоъ додаанд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар таи чанд соли охир дар дашти Сомғор ба азхудкунии заминҳо оғоз бахшида шуда, аллакай дар марҳилаи аввал зиёда аз 1,5 ҳазор гектар боғи нав бунёд ва беш аз 7,5 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
"Имрӯзҳо аз ҷониби сокинон бунёди хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад", —омадааст дар хабарнома.
Ҷиҳати таъмин намудани шаҳрак ва майдони боғот бо оби полезӣ аз дарёи Сир об бароварда шудааст. Ҳамаи боғҳо бо усули обёрии қатрагӣ обёрӣ карда мешавад. Ниҳолҳои 2 сол қабл шинонидаи ин майдон аллакай ба ҳосилдиҳӣ шурӯъ намуда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.
Раиси вилояти мухтори Куҳситони Бадахшон бунёди шаҳрак ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаро иқдоми бузург унвон карда, таъкид дошт, ки минбаъд ин ташаббус боиси таъмини шаҳрвандон бо манзили зист ва ҳамзамон ҷойи корӣ мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки шаҳраки мазкур барои 250 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда, майдони боғот то ба 7 ҳазор гектар расонида хоҳад шуд.