Раисҷумҳур бо сардори артиши Чин амнияти марзи Афғонистонро баррасӣ кард

© Пресс служба президента РТРахмон с начальником объединенного штаба освободительной армии Китая Ли Зо Ченом
Рахмон с начальником объединенного штаба освободительной армии Китая Ли Зо Ченом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируф

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза алайҳи терруризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд.

Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чин Тоҷикистонро ба нишасти БРИКС даъват кард

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки  ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ идома доранд, вале новобаста ба ин давлатҳо бояд ба муқобилияти фаврӣ бар зидди зуҳуроти наву номатлуби характери минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта омода бошанд.

Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар меҳвари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0