ДУШАНБЕ, 28 авг— Sputnik. Чин панҷ кишвари ҷаҳонро, ки миёни онҳо Тоҷикистон ҳам ҳузур дорад, ба нишатсти БРИКС даъват кард.
Ба иттилоъи сафири Русия дар Чин Андрей Денисов, Чин — Тоҷикистон, Мексика, Гвинея ва Таиландро ба нишасти БРИКС даъват кардааст.
"Ҳукумати Чин ин дафъа миқёси глобалиии нишасти БРИКС-ро васеъ кардааст. Аз Африқо — Гвинея, аз Амрикои Лотинӣ — Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — Таиланд ва аз Осиёи Марказӣ — Тоҷикисононро даъват кардааст", — гуфт сиёсатмадор.
Нишасти навбатии сарони БРИКС аз 3 то 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин доир мегардад.
БРИКС — созмони иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда-Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.