Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳояшро қонунӣ кард

Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарҳи чанд қонунеро имзо кард, ки ба пешниҳоди вай дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба тасвиб расида буданд

 

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тарҳи ислоҳ ва тағйири қонунҳо "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни кайфарӣ ва Қонуни тахаллуфоти идории Тоҷикистонро имзо кард.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳодҳои раисҷумҳур қабул шуданд: Маҷлис Қонуни танзимро ислоҳ кард

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин "Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазорати тиҷорати ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи сохти бинои ҷадиди парлумон ва сохтмони Ҳукумати Тоҷикистон"-ро низ имзо кард.

Бештарин ислоҳ дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудааст. Бар асоси ин ислоҳот, ки раисҷумҳур худ пешниҳод карда буд, баргузории маросими "ақиқа" барои навзодон, "гаҳворабандон", "домодталбон" ва "зиёрати ҳоҷиён" мамнуъ шудааст. Ҳамчунин аз ин пас баргузории маросими хатми ҳафтум, чиҳилумин рӯз ва солгард барои даргузаштагон танҳо бидуни додан ғизо ҷоиз аст.

Бо ислоҳи Қонуни тахаллуфоти идорӣ низ кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва хонаводаҳояшон дар сурати тахаллуф аз Қонуни танзими ҷашну маросим ба ҷаримаи молии сангин ё барканорӣ аз кор маҳкум хоҳанд шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад

Ҳамчунин бар асоси яке аз бандҳои ислоҳияи Қонуни маорифи Тоҷикистон донишҷуёне, ки бо худрави шахсӣ ба омӯзишгоҳҳо меоянд, ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Бар асоси ислоҳияи қонунҳои ҷиноӣ ва тахаллуфоти идорӣ низ ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ ва бе гувоҳиномаи ронандагӣ тасодуф мекунанд, то 15 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд. Пеш аз ин муҷозоти ин афрод танҳо ду сол маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд.

Ин қонунҳо пас аз интишор дар расонаҳои расмӣ дорои эътибор хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0