Пешниҳодҳои раисҷумҳур қабул шуданд: Маҷлис Қонуни танзимро ислоҳ кард

© SputnikПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросимро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Имрӯз дар иҷлосияи дувуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳое, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод карда буд, тасвиб шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Маҷлиси Олии ҶТ, бо ислоҳи Қонуни танзим аз ин пас дар Тоҷикистон бояд дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон дасторхони хоксорона орост, хатнасурро дар чорчӯби хонавода гузаронд,  маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони навзод ва дигар маросими вобаста ба таваллуди кӯдакро дар ҳалқаи хонавода бе забҳи чорво ва хидматрасонии ҳунарпешаҳо баргузор кард. Баргузории маросими ақиқа мамнуъ шудааст.

Акнун ин қонун шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиеро, ки шароити молияшон мусоид аст, ҳаққ медиҳад, ки бо риояи муқаррарот ва бо ширкат коргурӯҳҳои маҳаллӣ хатнасури хайрияи писарони бепарастор ва бенаворо баргузор кунанд.

Намояндагон моддаи 10 қонунро, ки ҷашни домодиву арӯсиро танзим мекард, низ ислоҳ карда, дар баробари дигар маросими манъшуда, баргузории маросими ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз ё роҳбандонро низ мамнуъ карданд.

Ҳамчунин дар ин модда меъёреро пешбинӣ кардаанд, ки бар асоси он падару модари домоду арӯс ва ё сарпарастонашон бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши ҷашн маблағи онро барои беҳбуди зиндагии арӯсу домод сарф кунанд.

Маҷлис моддаи 11 қонуни ҷориро ҳам, ки маросими хоксупориву сӯгвориро танзим мекунад, ислоҳ кард. Аз ин пас ҳама маросими хоксупориву сӯгворӣ, аз ҷумла, маросими "се", "чил" ва "сол" бояд бе забҳи чорво ва додани хӯрок баргузор шаванд. Дар дигар маросими манъшудае чун "оши сари тахта", "душанбегӣ", "ҷумъагӣ", "ҳафт", "бист" ва "шашмоҳагӣ" низ забҳи чорво ва додани хӯрок манъ шуд.

Ёдовар мешавем, чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагонро ба иҷлосия даъват карда,тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо"-ро пешниҳод карда буд.

Лентаи хабарҳо
0