ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Муҳаммад Шариф Яфталӣ, сардори Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ва Қамар Ҷовид Баҷва, сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон, дидору гуфтугӯ кардааст.
Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Муҳаммад Шариф Яфталӣ таъкид карда, ки Тоҷикистон хостори густариши ҳамкориҳо бо Афғонистон дар ҳама заминаҳои мавриди таваҷҷуҳ аст.
Дар ин дидор роҳандозии созукори ҳамкории чаҳорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ибтикор омили муҳимми таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.
Тарафҳо дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои низомиву фаннии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар заминаҳои амниятӣ низ табодули афкор карда ва бар иқдоми муштарак дар таҳкими ҳифзи марзҳо, мубориза бо шабакаҳои теруристии байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карданд.
Дар дидор бо Қамар Ҷовид Баҷва масоили вобаста ба бесуботию ноамнӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои мусулмонӣ ва дигар мушкилоти умдаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ шудаанд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба барои ба эътидол овардани вазъи низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бо теруризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.