Аз рӯзгори Одам (а) то замони Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хосси худро доштааст. Онҳо қурбонӣ мекарданд. Вале наметавонистанд аз гӯшти он бихӯранд, балки мунтазир мемонданд, то оташе аз осмон фуруд меомад ва онро месӯхт. Чунонки Худованди Мутаъол аз қурбонӣ намудани фарзандони Одам (а) хабар медиҳад: "Достони фарзандони Одамро, ки ҳақ аст, барояшон бихон, ки чун (Қобил ва Ҳобил) қурбонӣ карданд, қурбонии яке аз онҳо (Ҳобил) пазируфта шуд ва аз дигаре (Қобил) пазируфта нашуд".
Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: "Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?" Фармуданд: "Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст". Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: "Дар баробари ҳар тори пашм ва мӯи он як ҳасана барои шумо дода мешавад".
Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед".
Шароити қурбонӣ
Қурбонӣ бар шахсони мусулмон ва озоду муқиме, ки дар айёми ид ғанӣ ва сарватманд бошанд, назди Имоми Аъзам (р) воҷиби амалӣ аст, на эътиқодӣ. Аммо назди Имом Шофеъӣ ва Имом Абӯюсуф суннати муаккада аст.
Касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ мисли манзили маскунӣ, рахт ва ҷиҳози хона, васоили саворӣ боз соҳибнисоб ҳам бошанд, қурбонӣ барояшон воҷиб мегардад, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.
Агар шахси қарздоре пас аз пардохти қарз барояш он миқдор маблағе монад, ки соҳибнисоб мегардад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мегардад.
Агар барои пардохти закот баъд аз соҳибнисоб шудан гузаштани як соли ҳиҷрии қамарӣ шарт бошад, вале барои қурбонӣ кардан гузаштани як сол шарт нест. Агар шахси фақир то охири рӯзи сеюми ид соҳиби маблағи муайян гардад, барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар қарздор набошад.
Агар касе дар оғози айёми ид ғанӣ буд ва қурбонӣ накард, то ин ки дар охири айёми ид фақир шуд, бар ӯ қурбонӣ воҷиб намегардад.
Агар мусфири ғанӣ қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид ба хонаи худ баргашт, ё фақир то қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид соҳибнисоб шуд, дар ҳар ду сурат қурбонӣ воҷиб мегардад.
Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд.
Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ғайри ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост.
Дар рӯзи 12-уми Зулҳиҷҷа то замоне ки офтоб ғуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ғуруб дигар ҷоиз намегардад.
Кадом ҳайвонеро бояд қурбонӣ намуд?
Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад. Агар яке аз шарикон ба хотири гӯшт хӯрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад, ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ӯро шарики худ интихоб намуданд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.
Гӯшти қурбониеро, ки чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Инчунин калла, поча, дил, ҷигар ва пӯсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.
Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Бознашр аз саҳифаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.