Ҳангоми рӯзадорӣ ниёз ба посухи баъзе саволҳое пайдо мешавад, ки ба он танҳо уламои ислом метавонанд ҷавоб гӯянд. Sputnik Тоҷикистон ба хотири кӯмаки маънавӣ ба рӯзадорони тоҷик, хусусан ба муҳоҷироне ки дар Русия қарор доранд, бо сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Ҷамолуддин Хомӯшӣ суҳбат орост, ки чакидаи онро пешниҳоди хонандагон мекунад.
Домуллои муҳтарам, шарту шароити рӯзадориро мегуфтед.
— Ба номи Худованди бениҳоят меҳрубон ва бахшанда. Албатта, маълум аст, ки дар моҳи мубораки Рамазон рӯза гирифтан барои ҳар як мусалмон фарз карда шудааст. Худованд рӯзаро дар соли дувуми ҳиҷрат ба уммати исломӣ фарз гардонид. Ин дар Қуръони Карим, сураи Бақара, ояти 183 аён шудааст, ки Худованд мефармояд: "Эй касоне ки имон овардаед, рӯза барои шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гунае, ки бар гузаштагоне аз Шумо фарз гардонида шуда буд, то тақво намоед". Яъне ишора бар ин аст, ки ҳар нафаре ки имоне ба Худо дорад ва рисолати паёмбар Муҳаммад (с) тасдиқ дорад, бояд рӯза дорад.
Шартҳои воҷиб гардидани рӯза инҳоянд:
1. Мусулмон будан
2. Балоғат
3. Ақл — оқил будан (девона ё кӯдак набудан)
Шартҳои адои рӯза бошанд:
1. Тавони рӯза гирифтанро доштан
2. Муқим будан (мусофир нафарест, ки ба зиёда аз 120 км роҳ сафар кардааст ва то 15 рӯз дар он ҷо мемонад)
3. Тандуруст будан
4. Покӣ аз ҳайзу нифос
Ва шартҳои дуруст гардидани рӯза аз ният ва дурӣ аз мушкилоти рӯза мебошанд.
Фарзу суннатҳои рӯза кадомҳоянд?
— Аз дамидани субҳи содиқ то шом аз хӯрдан, ошомидан ва омезиш бояд дурӣ ҷуст.
Дар кадом ҳолат рӯза шикаста мешавад?
1. Вақте ки қасдан шарҳтои рӯзадориро вайрон кунанд, ё ба гумоне ки субҳ нест суҳур мекунад ва ё пешопеш ифтор мекунад.
2. Қайъ кардан
Кадом амалҳо рӯзаро фосид намекунанд?
— Шикастани шартҳои руза бо ҷурми фаромӯшӣ, ё ба бадан равған молидан, сурма кашидан, мисвок кардан ва ғусл кардан — дар ин ҳол рӯза фосид намешавад.
Табобат ҳангоми рӯзадорӣ раво аст?
— Дар масъалаи табобат ва сӯзандору байни уламо андешаҳои гуногун ҳастанд. Баъзе ба ин назаранд, ки сӯзандоруҳо агар ба хотири тақвият бахшидани организми инсон бошад, онҳо рӯзаро мешикананд, баъзеи дигар қайд мекунанд, ки агар ба шарти тақвият набошад, мумкин аст. Аммо беҳтар он, ки баъди ифтор ин сӯзандоруҳоро гирад.
Аз нигоҳи дин барои киҳо гирифтани рӯза ҷоиз нест?
— Рӯза аз тавоноии инсон боло нест. Зеро Худованд фарз кардааст. Баъзе афроде ҳастанд, ки истисноянд. Аз ҷумла бемориҳое, ки духтур онро тасдиқ кардааст, ки боиси хуруҷӣ маризӣ мешаванд, бемории қанд, нафаре ки сафар мекунад, ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ, (баъд аз сабук шудан бояд қазои рӯза кунад), пирӣ ва солхӯрдагӣ — ҳамаи ин нафарон бояд фидяи савм диҳанд.
Дар бораи рӯза ва муҳоҷирони корӣ ҳам каме бигӯед.
— Уламои ислом мегӯянд, агар мусулмон дар ҷойе бештар аз 15 рӯз иқомат кунад, пас вай дар он ҷо мусофир нест. Аз ин рӯ, муҳоҷироне, ки дар Русия қарор доранд, аз нигоҳи ислом муҳоҷир нестанд ва бояд рӯза гиранд.
Агар кори сангин кунад чӣ?
Аслан моҳи мубораки Рамазон ҳамагӣ як моҳ аст. Барои ҳамин коргароне, ки иҷрои кор барояшон сахт аст, имкон дошта бошанд, метавонанд ба рухсатӣ бароянд ва рӯза гиранд. Мо истиснои шариатро аллакай қайд кардем, ки дар он кори сангин гуфта намешавад. Масалан, агар сохтмонро кори сангин шуморем, аз сабаби он ки дар сохтмон аз воситаи техникӣ истифода мебаранд, он кори вазнин ба ҳисоб намеравад. Дар гузашта, дар ҳақиқат баъзе корҳои пурмашаққат буданд, ба мисоли дарав ва нонпазӣ ва ғайраҳо, ки ба онҳо иҷозат дода шуд ва баъдтар рӯзаи қазоӣ мегирифтанд.
Фазилатҳои моҳи Рамазон.
— Ҳамаи кори хубро Худованд аҷр медиҳад ва аҷри рузаро Худованд гуфтааст "ман худам медиҳам". Рӯза гирифтан сабаби тандурустӣ ҳам ҳаст, ки дар ин бора худи Паёмбар (с) низ гуфтаанд. Илова бар ин, агар бар аҳодис назар кунем, ҳар кас рӯза гирад тамоми гуноҳҳояш бахшида мешаванд. Рӯзадорӣ дар ботини инсон эҳсоси меҳрубониро бедор мекунад.
Хӯрокҳое, ки барчаспи "Ҳалол" доранд, оё хӯрданашон раво аст? Бештар аз ҳама ба ин ҳолат муҳоҷирон дучор мешаванд.
— Хӯрокҳое, ки барчаспи "Ҳалол" дорад, аз ҷумла гӯшт, ҳасиб ва маҳсулоти гӯштӣ, хӯрдани он раво гуфта мешавад.
Ҳар он чизе ки барчаспи "Ҳалол" дорад, хӯрданаш ҳалол аст. Агар шахс шакк дошта бошанд, метавонад аз он истифода набарад.
Илова бар ин, мусулмонон дар ҳама ҷо, новабаста аз он ки дар кишвари мусулмонӣ қарор доранд ё не, метавонанд аз маҳсулоти ширӣ, тухм ва моҳӣ бе ҳеч шакку гумоне истифода баранд.
Хӯрдани кадом таом суннат бошад?
Хӯрдани хурмо ҳангоми ифтор бисёр хуб аст. Аммо агар хурмо набошад, беҳтар аст аввал бо об ба ифтор шуруъ кунем. Аз дигар ҷиҳат, ҳар хӯроке ки ба ҷисм зарар надорад ва ҳалол шудааст, мусулмон метавонад ба ихтиёри худ дар ифтор истифода барад.