Рӯзи таҷлили "Иди Қурбон" дар Тоҷикистон муайян шуд

© Sputnik / Амир ИсаевИди Курбон в Душанбе
Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муқаррар карда, ки иди Қурбон 1 сентябр фаро мерасад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои тоҷикӣ, Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муқаррар карда, ки намози иди Қурбон бомдоди 1-уми сентябр, соати 6:30 дар ҳама масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор шавад.

Иди Қурбон аз рӯзгори паёмбар Иброҳим сарчашма мегирад. Чуноне, ки дар китобҳои муқаддаси динҳои иброҳимӣ омадааст, Худованд барои озмоиши паёмбар ӯро мефармояд, ки писари худро барои Худо қурбонӣ кунад ва устувории имони ӯро дида дастур медиҳад, то ба ҷои писараш барраеро забҳ кунад.

Бар пояи суннатҳои исломӣ, ҳар як мусулмон бояд дар ин рӯз барра, гов ё ягон ҷонвари аҳливу ҳалолгӯштеро ба номи Худо қурбонӣ кунад.

© SputnikЖертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама
Жертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама - Sputnik Тоҷикистон
Жертвоприношение в Иди Курбон и 5 столпов ислама

 

Лентаи хабарҳо
0