Русия: Маскав ҳама талошашро хоҳад кард то Эрон ба БАРҶОМ пойбанд бимонад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкОлег Морозов, архивное фото
Олег Морозов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз масъулини баландпояи маҷлиси Шурои федеросюни Русия гуфт, ки Маскав ҳама талошашро хоҳад кард то Эронро боварманд кунонад, ки ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд бимонад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Русия ҳама кӯшишу талоши худро ба кор мегирад то Эронро мутақоъид кунад, ки аз БАРҶОМ (барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак бо панҷ узви доими СММ ва Олмон) хориҷ нашавад, гуфт Олег Морозов, узви Кумитаи умури байналмилалии маҷлиси Шурои федеросюни Русия.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Руҳонӣ: БАРҶОМ ягона гузинаи Эрон набуда ва нахоҳад буд

Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ имрӯз гуфта буд, ки агар Амрико таҳримҳо бар Ҷумҳурии Исломиро афзоишу густариш диҳад, Теҳрон дар кӯтоҳтарин муддати замон аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад шуд.

"Фикр мекунам, ки мо тамомии иқдомоти мумкинро ба кор хоҳем гирифт то Эронро боварманд кунонем, ки вазъи мавҷудро нигаҳ дорад. Густариши контролнашудаи фанновариҳои ҳастаӣ ба суди ҳеч кишваре, аз ҷумла Русия, нест", — гуфт Олег Морозов.

Вай таъкид кард, ки вазъи пешомада "натиҷаи мустақими нотавонии Амрико дар иҷрои ҳамзамони се нақш — жандарм, додрас ва ҷаллоди ҷаҳонӣ — аст. Сиёсати таҳримбандиву фишороварии Амрико бар кишварҳои севум пайомади хубе нахоҳад дошт ва натиҷааш падид омадани минтақаҳои нави ташаннуҷ хоҳад буд".

Ин сиёсатмадори Русия гуфт, хуруҷи Эрон аз БАРҶОМ имконпазир мешавад, зеро Теҳрон роҳу чораи дигаре барои ҳифзу ҳимояи манофеъи милливу кишварияш намебинад.

"Амрико шароитро бо зӯру фишор бар дигар кишварҳо таҳмил мекунад ва ҳеч замонате барои ҳифзи истиқлоли онҳо намедиҳад", — тавзеҳ дод Морозов.

Ёдоварӣ мекунем, ки Раиси Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ имрӯз дар посух ба таҳдидҳои Амрико гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои наве бар Эрон бибандад, Теҳрон "дар муддатзамони кӯтоҳ — дар миқёси соату рӯз — ба шароите бисёр пешрафтатар аз замони шуруъи музокирот боз хоҳад гашт".

Лентаи хабарҳо
0