ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Краснодар 50 муҳоҷиреро, ки ғайриқонунӣ дар Русия буду бош доштанд, аз кишвар ихроҷ кардааст.
Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД Краснодар, ин муҳоҷирон қонуншиканона дар бунгоҳи кишоварзие кор мекардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирон муттаҳам ба нақзи Қонуни будубош ва муқаррароти вуруд ба Русия шудаанд.
"Ҳама муҳоҷирони қонуншиканро дуҳазор рублӣ ҷарима баставу аз қаламрави Русия ихроҷ карданд".
Пештар раиси Шурои амнияти Русия Николай Патрушев гуфт, ки мақомоти кишвар то кунун натавонистаанд сатҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро коҳиш диҳанд.
Вай ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае дар мавзуъи амнияти миллӣ дар Ёқутистон гуфт, ки ин замон барои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия шароит фароҳам оварда шуда, шароити дарёфти кор содда гардонида шудааст.
"Вале то ҳол паст кардани сатҳи муҳоҷиртаи ғайриқонунӣ, ки амнияти ҷомеъаро таҳдид мекунад ва майдони рушди теруризм, табаҳкории фаромарзӣ мебошад, даст надодааст", — гуфт Патрушев.
Ӯ таъкид кард, ки афзоиши мавориди тақаллуби санадҳо барои сабти ном дар маҳалли иқомат аз ҷониби муҳоҷирон нигаронкунанда аст.
Тоҷикистон ягона кишвари Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд аст, ки муҳоҷиронаш дар авоили соли 2017 бештар аз дигарон ба Русия сафар кардаанд.
Бино ба иттилоъи рӯзномаи "Ведомости" дар кулл муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Бар асоси пажӯҳиши Фарҳангистони улуми Русия шумораи муҳоҷирони қонунӣ дар авоили соли 2017 нисбат ба авоили соли 2016 то 26,8 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистону Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ кам шудааст ва дар сатҳи солҳои 2012-2013 қарор дорад.
Аммо Тоҷикистон ҳамчунон дар муҳоҷират пешсаф аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 нисбат ба порсол муҳоҷират бештар шудааст. Чунончи, агар дар шаш моҳи аввали соли 2016 ба Русия 5,6 ҳазор кас омада бошад, имсол 6,3 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба Русия сафар кардааст.
Коршиносон далоили аслии коҳиши муҳоҷират ба Русияро шадидтар шудани қавонини муҳоҷиратӣ, коҳиши музди кору даромадҳо медонанд. Вале ин далелҳо пеши роҳ муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро намегиранд.