https://sputnik.tj/20170816/1023080420.html
На ҳиҷобу на домани кӯтоҳ: дастур барои донишомӯзон дар Тоҷикистон
На ҳиҷобу на домани кӯтоҳ: дастур барои донишомӯзон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Донишомӯзони Тоҷикистон аз ин пас набояд бо ҳиҷоб, домани кӯтоҳ, футболкаҳое, ки намодҳои кишварҳои бегонаро доранд, рангу бор ва ришу мӯйсари дароз ба мактаб... 16.08.2017, Sputnik Тоҷикистон
2017-08-16T12:50+0500
2017-08-16T12:50+0500
2021-04-19T16:26+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/75/1022417501_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_7424d79a93bfa0a7b63c177e85a21b6b.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2017
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/75/1022417501_0:0:900:675_1920x0_80_0_0_6e485bd83f78b78a8ecb436478e7d09f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дастуруламали либос, маориф
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, дастуруламали либос, маориф
На ҳиҷобу на домани кӯтоҳ: дастур барои донишомӯзон дар Тоҷикистон
12:50 16.08.2017 (Навсозишуда: 16:26 19.04.2021) Донишомӯзони Тоҷикистон аз ин пас набояд бо ҳиҷоб, домани кӯтоҳ, футболкаҳое, ки намодҳои кишварҳои бегонаро доранд, рангу бор ва ришу мӯйсари дароз ба мактаб раванд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазорати маорифу илми Тоҷикистон бо интишори дастуруламале пӯшокеро барои донишомӯзони мауссисаҳои таҳсилоти умумии кишвар пешниҳод кардааст.
Дар ин дастурамал гуфта мешавад, ки донишомӯзони духтар набояд дар мактабҳо ҳиҷобу доманҳои тангу кӯтоҳ пӯшанд. Ҳамчунин ороиши чеҳра, доштани нохунҳои дароз ва бештар аз як ҷуфт гӯшвор ва ангуштарӣ мамнуъ шудааст.
Бино бар ин санад, донишомӯзон иҷоза доранд сарбанду кулоҳи тоҷикӣ бар сар гузоранд.
Донишомӯзони писар ҳам набояд риш гузоранд ва мӯйҳояшонро дароз кунанд.
Ҳамзамон пӯшидани шалворҳои ҷинси порашуда, футболкҳое, ки дар он намодҳои кишварҳои дигар тасвир шудаанд, ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон мамнуъ шудааст.
Пӯшидани либоси варзишӣ танҳо дар дарсҳои тарбияи баданӣ ва тамринҳои варзишӣ иҷоза дода мешавад.
Дар ҷашнвораҳо донишомӯзон бояд бо либоси расмӣ ба мактаб ҳозир шаванд — писарон бо куту шалвори кабуд ва куртаи сафед бо гиреванд (галстук) ва духтарон бо пироҳани сафеду домани дарозтар аз зону. Ҳамчунин пӯшидани либоси тоҷикӣ низ иҷоза дода мешавад.