Супориши вазири тандурустӣ: аз пӯшидани либоси бегона даст кашед

© SputnikТаджикские студенты, архивное фото
Таджикские студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Насим Олимзода супориш додааст, ки пушидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ, ин нуктаро вазир дар ҷаласаи натиҷагаирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои беҳдоштиву дармонӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон гуфтааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Э. Раҳмон: Худоро ба ақл мешиносанду бо қалб мепарасатанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷоб

Ба гузориши манбаъ, дар ин ҷаласа нахуст мушовири вазир Дилором Содиқова дар хусуси натиҷагирӣ аз татбиқи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" давоми даҳ сол сухан гуфтааст.

Дар ин росто вазир Насим Олимзода супориш додааст, ки дар ҳама бунгоҳҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои пизишкӣ гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи ин қонун ташкил карда шаванд.

"Пӯшидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад", — гуфтааст вазир.

Баъдан муовини якуми вазир Саида Ғайрат аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  дар шаш моҳи соли 2017 гузориши муфассал додааст.

Дар ин ҷаласа мавзуъоте чун пешгирӣ аз марги модару кӯдак, муъоинаи ҳатмии номзадҳо, пешгирӣ аз воридоти доруҳои сохта, ҳамдастии пизишкон бо ширкатҳои дорусозӣ ва доруфурӯшӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои дармонӣ, фаъолияти хадамоти назоратӣ, пешгирӣ аз фасод дар бунгоҳҳои дармониву пизишкӣ баррасӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0