ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҷашнвораи вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" дар ду давр доир мешавад ва даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.
Даври дуюми фестивал дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор мегардад.
Дар ҷашнвора ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд. Дар вақти баҳодиҳӣ нишондодҳои зерин ба назар гирифта мешавад:
— Беҳтарин либоси миллии қадима (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);
— Беҳтарин либоси кӯдакона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);
— Беҳтарин либоси расмӣ (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);
— Беҳтарин либоси идона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой).
Аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои махсус қадрдонӣ карда мешаванд.