Аввал пул, сипас барқ: Дар Тоҷикистон равиши пешпардохти масрафи барқро ҷорӣ мекунанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗамена старых электросчетчиков в жилых домах
Замена старых электросчетчиков в жилых домах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равиши нави назорати масраф ва пардохти ҳаққи нерӯи барқ дар саросари Тоҷикистон ҷорӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Равиши нави назорату пардохти ҳазинаи масрафи нерӯи барқ то поёни имсол дар саросари Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора 28 июл қарор тасвиб карда ва Вазорати энерживу захоири об ва ширкати "Барқи тоҷик"-ро дастур дода, ки сомонаи худкори вопоишу пешпардохти масрафи нерӯи барқро то поёни соли 2017 дар саросари кишвар роҳандозӣ кунанд.

Ҳисобкунаки барқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барқ дар Тоҷикистон: бойҳо медузданд камбағалон пул месупоранд

Ин сомонаи худкор аз дастгоҳҳое бо шуморгарҳои ҳушманд иборат аст, ки ҳаҷми барқи масрафшуда ва пардохтҳои масрафкунандагони нерӯи барқро ҳисоб мекунад. Чунончи, муштарӣ барои дастрас кардани нерӯи барқ бояд нахуст суратҳисобашро пур кунад то ба ҳамон андоза барқ дарёфт кунад.

Ин фанноварӣ имкон медиҳад, ки аз итлофи нерӯи барқ пешгирӣ карда ва ҳаҷми даромад аз пардохтҳои масрафкунандагон афзуда шавад.

Қарор аст, ки роҳандозии ин сомонаро аз шаҳри Душанбе оғоз кунанд, ҳарчанд он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Сарбанд ва ноҳияи Рӯдакӣ озмоиш шуда буд. Пас аз Душанбе ин фанновариро дар саросари Тоҷикистон ба кор хоҳанд гирифт.

Ҳисобкунаки барқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қувваи барқро эҳтиёт кунед: дар Тоҷикистон нархи барқ гарон мешавад

Дар чорчӯби роҳандозии ин сомона шуморгарҳои ҳушманд ба кор гирифта хоҳанд шуд. Дар Душанбе шуморгарҳоро иваз намекунанд, аммо дар дастгоҳи мавҷуд чипҳоеро насб мекунанд, ки худкорона нишондодҳои шуморгарро сабт карда ва ҳазинаи масрафи барқро баровард мекунанд.

Дар ин чипҳо як ҳадди эътибори муқарраршуда аз пеш таъйин мешавад. Агар масрафкунанда бештар аз ин ҳадд барқ масраф кунад, паёмаке ба телефони ҳамроҳаш фиристода ва огаҳирасонӣ мешавад, ки агар то фалон рӯз ҳазинаи масрафи барқ пардохт нашавад, барқрасонӣ ба манзилаш қатъ карда мешавад.

Дар пойгоҳи ин сомона шумораи телефонҳои ҳама масрафкунандагон дохил карда шудааст. Аз рӯи қонун кормандони ширкатҳои барқрасон ҳаққ надоранд бе огаҳирасонӣ барқрасонӣ ба масрафкунандагонро қатъ кунанд.

Масрафкунандаҳо метавонанд дар бунгоҳҳои "Амонатбонк" ҳазинаи масрафи барқро пардохт кунанд. Барои ин бояд шумораи шиносоии масрафкунандаро дар дастгоҳ ворид карда ба ҳисобашон пул ворез кунанд. Ширкати барқрасон бо дарёфти ин ҳазина барқрасониро аз сар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0