ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik, Рубен Гарсия. Қариб дар давоми як моҳи пурра кормандони вазорати корҳои дохилии ҶТ ва намояндагони "Брақи тоҷик" чорабиниҳои вижа, оиди маълум кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар Душанбе, баргузор намуданд.
Дар пайи ҳар як рейд кормандони ҳифзи ҳуқуқ 3-4 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқро муайян мекарданд. Дуздии барқ дар шаклҳои гуногун амалӣ карда мешуд: диски ҳисобкунакро тоб дода ҳисоби барқ кам карда мешуд, ғайриқонунӣ ба ноқили барқдиҳӣ пайваст мешуданд ва ғайраҳо.
Зиёда аз ин дар аксар маврид дуздии барқ аз ҷониби нафарони сарватманд ё соҳибкорон анҷом дода мешуд.
"Аксари ҳолатҳои дуздӣ дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ба назар мерасад. Мутаассифона талафоти тиҷоратӣ аз ҳисосби шахсӣ шудани корхона, аз ҷумла кафе, тарабхона ва ғайраҳо зиёд мешавад",-гуфта буд, муовини раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов.
Ӯ шарҳ дод, ки чунин ҳолатҳо дар пайи надоштани хоҳиши пардохти маблағ, барои рӯшан кардани хонаҳо, ки аксарашон хеле калон буда, ҳатто дорои сауна ва дигар шароитҳои хуби зиндагии муосир ҳастанд, ба вуқӯъ мепайвандад.
Ба қавли Самадов "мардуми оддӣ қариб ки дуздӣ намекунанд". Якум ин кори бисёр хатарнок аст. Ба осонӣ метавон ба доми пулчинакҳои қувваи барқ ё кормандони ВКД афтод. Дуюмаш ин ки ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтодан, супоридани ҷаримаи калонро дар пай дорад.
Андрей Захватов, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон ба сар бурдааст ва акнун коршиноси кишварҳои ИДМ мебошад, бо гуфтаҳои боло розӣ аст.
"Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва дуздии он барои аксарияти шаҳрвнадони Тоҷикистон кори ғайримумкин аст. Баръакс-дар ҷумҳурӣ дар ҳолатҳои камбудии молиявии ҳукумат мардум барои насби обгузаронии нав худ маблағ пардохт мекунад ",-гуфт Захватов ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтти ӯ ҳар вақте, ки мардум ва махсусан нафақахӯрон моҳонаи худро мегиранд, дар навбати аввал барои пардохти маблағи ЖКХ равон мешаванд ва кӯшиш мекунанд, ки бидуни қарз зиндагии худро пеш баранд.
"Ман аз таъминкунандагони қувваи барқ борҳо дунболи пардохт накардани маблағи қувваи бақ шикоят шунидаам. Ин ҷои тааҷҷуб нест-чун сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар нимаи аввали соли 2015-31,6%-ро ташкил дод. Аммо ин рақам дар қиёс бо шумораи нафароне, ки маблағи қувваи барқро пардохт намекунанд, ба маротиб зиёд аст",-қайд кард Захватов.
Дар баробари ин далели зиёд будани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ ва насби ноқилҳои иловагӣ ба ҳисобкунак аз зиндагии хуб намешавад.
Дар шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон, ки гармкунии манзилҳои зист асосан аз ҳисоби асбобҳои гармидиҳӣ амалӣ мешавад, нархи миёнаи пардохти қувваи барқ дар як моҳ 150-170 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки музди миёнаи меҳнат дар кишвар 800-1000 сомонӣ мебошад.
Барои муқоиса: дар пойтахти Русия музди миёнаи меҳнат-50-60 ҳазор рубли русӣ мебошад. Дар баробари ин маблағи пардохт барои қувваи барқ дар як моҳ тақрибан 1000-1500 рубли русиро ташкил медиҳад.
Чӣ бояд кард, то киловатт аз даст наравад?
Дар баробари дуздии барқ, низоми барқтаъминкунӣ низ дар Тоҷикистон самаранок набуда, кайҳо боз таъмири пурраро талаб мекунад. Ҳамин тавр қувваи барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ то истъмолкунанда бо талафоти бузург, муқовимати ноқилҳои барқ ва трансфарматор мерасад.
Ҳанӯз соли 1994 "Барқи тоҷик" изҳор дошт, ки ҷиддӣ нисбати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ мубориза мебарад. Ва мақсад буд, ки бо насби ҳисобкунакҳои нав (ки онҳоро тоб додан номумкин аст) ва автоматикунонии кори назоратчиёни барқ, ин мушкилот бартараф карда шавад.
Ва агар нархи қувваи барқ тибқи маълумоти намояндагони "Барқи тоҷик" зиёд шуда бошад ҳам, кор хеле суст пеш меравад. Ҳисобкунакҳо ба ҳама намерасанд, "Барқи тоҷик" маблағи иловагӣ надорад ва музди пасти барқчиён низ монеаи бастани шартнома бо истеъхмолкунандагон мегардад.
Ба ҳар ҳол талафоти бузурги тиҷоратӣ аз ҷониби шахсони доро ба қайд гирифта шудааст, ки инро гузоришҳои вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ мекунад.
Масалан 19-декабри соли 2016 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии чанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар пойтахт хабар дод.
Гуфта шуд, ки сокини 55-солаи шаҳри Душанбе ба таври ғайриқонунӣ бидуни ҳисобкунаки барқӣ ба нонвойхонаи худ барқ насб карда, ба "Барқи тоҷик" ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарар расонд. Соҳибкори дигари Душанбе низ ба таври ғайриқонунӣ қувваи барқ истифода карда, ба "Барқи тоҷик" ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Ба ҳамин монанд аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони "Барқи тоҷик" чандин ҳолатҳои дигари истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ муайян карда шуд.