Қувваи барқро эҳтиёт кунед: дар Тоҷикистон нархи барқ гарон мешавад

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкҲисобкунаки барқӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҳисобкунаки барқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз санаи 1-уми ноябр дар Тоҷикистон нархи барқ дигаргун мешавад: 1 киловат соат акнун 14, 65 дирамро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.Аз моҳи оянда нархи барқ дар Тоҷикистон баланд мешавад.

Гароншавии қувваи барқ дар кишвар 16,2%-ро ташкил медиҳад.  Агар пештар истифодабарандагон барои як киловат соат 12,6 дирам маблағ месупориданд, акнун 14,65 дирам  медиҳанд.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернети гарон ё чаро Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум аст

Ҷадвали нархгузории Барқи тоҷик барои истифодабарандагон чунин аст: барои ташкилотҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ- 35,65 дирам, барои корхонаҳои буҷҷавӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ- 14, 20 дирам.

Дар Тоҷикистон ба наздикӣ нархи газ низ хело боло рафт- 30%. Пештар нархи як литр гази моеъ 2,8 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад нархи он 3,6 сомонӣ шудааст. Гарон шудани нарх дар соҳаи алоқа низ ҳис карда мешавад- аз моҳи октябр истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ барои ҳар як дақиқаи зангашон ба Русия- 1 сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон низ нархи об ва гармидиҳӣ ба 8 % гарон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0