Истиқболи корбарони фейсбук аз тасмими Манижа Давлат

© Фото : Аккаунт в FacebookМанижа Давлат, архивное фото
Манижа Давлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони номдор Манижа Давлат пас аз 11 соли канорагирӣ аз саҳна эълом карда ки ба зудӣ ба саҳна бар мегардад Дар паи ин эълом ҳаводорони ӯ изҳори хушнудӣ карда,нафаре овози ҷаззоби ӯро тавсиф мекунаду, дигаре ҳусни зебояшро сеюмӣ ӯро ба Гугуш баробар кардаасту чорумӣ мехоҳад сармоягузораш бошад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Аксарияти ҳамвандони сарояндаи маъруф Манижа Давлат аз тасмими баргашт ба саҳна истиқбол карда, бархе дигар ба Манижа тавсия медиҳанд, ки зиндагиро бидуни саҳна идома диҳад.

"Барои баъзе санъаткорҳое, ки хеле талош карданд, ки ман аз саҳнаву ҳаводоронам дур шавам то, ки онҳо рушд кунанд ва барои ин бисёр чизҳо ва номи бисёр нафаронро истифода бурданд.

Ҳарчи, ки хостанд дареғ надоштам ва шанс додам. Гуфтам: "агар ба ҳамин қадар кор душмани ман хурсанд гардад ман розӣ ҳастам… Саволе ба миён меояд, ки онҳо ҳам метавонанд 11 — 12 соли умри худро барои ман дареғ надоранд. Агар тавонанд — МАН БА САҲНА МЕБАРОЯМ!", — навишта буд Манижа Давлат дар сафҳаи фейсбуки худ.

Манижа Давлат - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Давлат пас аз 11 соли хомӯшӣ ба саҳна бармегардад

Туймурод Саидов аз ин тасмими Манижа изҳори хушнудӣ карда навиштааст, ки "садои дилнишини шуморо як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик интизоранд". Ба ҳамин маъно корбари дигари фейсбук навиштааст, ки "Манижа шумо баъди 11-12 сол ҳам ҳанӯз азизи дилу дидаи мухлисонатон ҳастед ва мухлисонат бо умед Шуморо дар саҳна интизоранд".

Саида Мухторова ҳамванди дигари Манижа ба овозхон тавсия додааст, ки барои худ зиндагӣ кунад на ба хотири касе ё чизе: "дар набарди пуршиддате, ки онро ном зиндагист барои муваффақ шудан бояд мубориза бурд! Аз ин рӯ ба ту Манижаҷон холисона таманно дорам, ки дубора баргардӣ… Мо бояд барои худ зиндаги намоем, на ин, ки ба хотири касе ва е чизе!".

Орзу Негматова навиштааст, ки дар сурати дар саҳна набудани Манижа ҳам, ӯро тамоми халқи тоҷик дӯст медорад: "беҳтаринӣ ту Манижаҷон. душманонат ҳасад карда мурда мераванд, аммо мухлисони ту хело ва хело зиёданд…. Дар рӯи саҳна ҳам набошӣ, кулли мардуми тоҷик — мо мухлисони ту ҳастем".

Корбари дигаре Манижаро Гугуши Тоҷикистон унвон карда, ҳамванди дигаре бо боварӣ гуфтааст, ки "агар дар озмуни суруди сол ҳунарнамоӣ кунед, ҳатман ҷои аввал аз шумост!".

Муҳаммадюсуф Давронзод ба Манижа изҳори муҳаббат карда ва шеъре ҳам ба Манижа бахшидаст, тавсия медиҳад, ки шуғли дигареро пеша кунад.

"Банда, ки овози шуморо писандидаам, шӯҳрати шуморо дар Ирону Хуросону Фаранг шинохтаам, шуморо аз дилу ҷон дӯст медорам ва шеъри пурдарде бароятон бахшидаам… инак, фикр мекунам, ки дигар нашояд!

С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
"Роҳ": Манижа Давлат барои суруди нави Зулайхо оҳанг эҷод кард

Шумои азиз он ҳунарваред, ки дар ҳофиза ва дилу дидаи мо бимонед…

Шуғли дигареро бояд интихоб кард ва душманони хешро дуъо гуфт, то худованд эшонро бубахшида бошад. Яъне дил ва гил тоза гирифт, фаромӯш кард, бахшид… ва рӯз ва рӯзгори дигареро пеша кард. Ва низ андеша кард… Хеле дӯстатон дорам ва дар паноҳи Худованд!", — навиштааст Давронзод.

Рӯзноманигори тоҷик Гулнора Амиршоева низ аз тасмими Манижа изҳори хушнудӣ карда "Офарин! Муваффаққият", — гуён Манижаро дастгирӣ кардааст.

Корбари дигаре ба Манижа сармоягузории худро пешниҳод мекунад ва ба ҳамин монанд ҳазорон ҳаводори дигари Манижа дар интизори дидор ва шунидани сурудҳои ҷадиди Манижа ҳастанд.

Манижаи Давлат камобеш 15 сол пеш аз ин рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Нахустин барномаи ҳунарии ӯ соли 2002 дар "Кохи Борбад" баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт.

Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард, вале барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.

Лентаи хабарҳо
0