"Роҳ": Манижа Давлат барои суруди нави Зулайхо оҳанг эҷод кард

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Роҳ" - чунин унвон гирифтааст суруди ҷадиди Зулайхо Маҳмадшоева, ки намоҳангаш дар хориҷ аз кишвар ба навор гирифта шуда, оҳангашро овозхони номдор Манижа Давлат эҷод кардааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар саҳифаи фейсбуки Зулайхо Маҳмадшоева дар бораи нашри суруд ва намоҳанги наваш хабар дода шудааст.

Суруди тозаи сароянда "Роҳ" унвон гирифта ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Оҳанги ин сурудро Манижа Давлат эҷод кардааст. Ба гузориши манбаъ танзимгари мусиқӣ Шароф Шакарӣ буда, овозро Муҳсин Шакарӣ сабк кардааст.

Коргардони намоҳанги суруди "Роҳ" Азим Ҳикматуллоев буда, продюсер Баҳриддин Сабур мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева рӯзи 29 апрели соли равон дар Маскав ҳунарнамоӣ карда буд. Он замон овозхони ҷавон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки аз хурдӣ пайрави Манижа Давлат буд.

Консерти Зулайхо дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи офтобӣ, ҷаҳони ишқ ё ҳунарнамоии Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".

Аз овозхонони ватанӣ Зулайхо-Манижа Давлат, Садриддин Наҷмиддин, Валиҷони Азизро меписандад. Аз сарояндагони рус ба эҷодиёти Нюша таваҷҷӯҳ дорад.

"Сабки Нюша ба ман писанд аст. Эҷодиёти ӯро пайгирӣ мекунам",-гуфта буд Зулайхо.

Лентаи хабарҳо
0